Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд  

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ, ки рӯзи 7 январ сурат гирифт, чун анъана собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла собиқадори ҷангу меҳнат, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ҳотамбек Шокиров ва собиқадори хизмати давлатӣ Мансур Раҳматовро аёдат карда, бо пирони рӯзгор суҳбат анҷом дод. Дар аснои суҳбат зикр карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба собиқадорони меҳнат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, нисбат ба онҳо мунтазам ғамхорӣ менамоянд.

Собиқадорони меҳнат барои ғамхориҳои доимӣ сипосмандии худро баён дошта, миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code