ҶОМАИ УМРИ ДИГАР ГАРДИД ШЕЪРИ БОФТААМ

Субҳи имрӯз, 23 январи соли ҷорӣ бо ибтикори китобхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ (директораш Давлатмаҳмад Қурбонов) ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Оббурдон ба номи Ислом Саломов маҳфили илмию адабӣ бахшида ба ҳаёту эҷодиёти шоири ширинкалом ва маҳбуби халқ – Юсуф Вафо (1888 – 1945) баргузор гардид.
Дар маҳфили мазкур иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Тоҳир Азиззода, олимону адибон, собиқадорони меҳнат, аъзои маҳфили адабии “Зарафшон”, ҳунармандону хунёгарон, ҳамдиёрону пайвандони шоир ва дигар мухлисони каломи дилнишини шоири халқӣ Юсуф Вафо иштирок намуданд.
Тоҳир Азиззода, и.в. раиси ноҳияи Мастчоҳ зимни ироаи маърӯзаи пурмуҳтавои худ оид ба мақому нақши Юсуф Вафо дар адабиёти тоҷик ва маҳбубияти ӯ дар миёни мардум сухан гуфта, таъкид кард, ки шеъру номи ин шоири мардумӣ чун кӯҳҳои сарбаланди Мастчоҳ ва муҳаббату самимияти мардуми водии Зарафшон ҷовидонист.
– Меҳру муҳаббати диёр ва тараннуми ватан яке аз мавзуъҳои асосии ашъори Юсуф Вафо буда, дар онҳо дӯст доштану муқаддас донистани обу хоки ин марзу бум махсусан талқин мешавад, – таъкид кард Тоҳир Азиззода, и.в. раиси ноҳияи Мастчоҳ.
Номзади илмҳои филологӣ Фазлиддин Убайдзода низ доир ба хусусиятҳои хоси ашъори Юсуф Вафо ибрози андеша намуда, гуфт, ки дар Тоҷикистон Саидалӣ Вализода ва Юсуф Вафо нисбат ба дигар шоирони халқӣ маъруфияту маҳбубияти бештар доранд, ки ин албатта нишонаи зуд ба дили мардум роҳ ёфта тавонистани ашъори онҳост.
Шоири муваффақу тавоно ва нафаре, ки дар синни 12-солагияш ба дидору суҳбати Юсуф Вафо мушарраф гардидааст, Усмон Олим аз хотироту пажуҳишҳои худ дар бораи шоир ёдоварӣ кард.
Собиқадори меҳнат, муовини мудири бахши фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ Муҳаммадраҷаб Шарифов, шоир Олимхон Исматӣ ва дигар адибону суханварони диёр низ доир ба шахсият ва ашъори мондагори шоири халқӣ Юсуф Вафо ибрози андеша намуда, ному ёдашро гиромӣ донистанд.
Шеъру сурудхонии аҳли фарҳанг ва намоиши китобӣ таҳти унвони “Сарояндаи халқ”, ки аз ҳаёту фаъолияти Юсуф Вафо нақл мекунад, ба чорабинӣ ранги дигар бахшид.
Ёдовар мешавем, ки шоири халқӣ Юсуф Вафо соли 1888 дар деҳаи Пастиғави Кӯҳистони Мастчоҳ ба дунё омадааст. Тибқи нигоштаи донишманди шаҳири тоҷик Воҳид Асрорӣ эҷодиёти Юсуф Вафо дар ду давр гузаштааст. Дар ашъори тоинқилобии ў шикоят аз ҷафоҳои рўзгор ва беадолатиҳои замон мавқеи асосӣ дорад. Инқилоб ба назми Юсуф Вафо сафои тоза овард. Ў Инқилоби Октябрро бо мамнуният истиқбол гирифта, дар шеърҳояш… озодии заҳматкашон, истиқлоли занон, ободии кишвар ва дигар муваффақиятҳои ҳаёти навро тараннум кардааст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ соли 1941-1945 ашъори ў халқро ба қаҳрамонию фидокори ҳидоят намудаанд. Дар эҷодиёти Юсуф Вафо таъсири назми китобӣ баръало ҳис мешавад. Ӯ дар шаклҳои рубоӣ, ғазал ва суруд шеър гуфтааст. Шеърҳои ҳаҷвӣ ҳам дорад, ки дар онҳо муллою бойҳои фиребгар мазаммат шудаанд. Юсуф Вафо 10-уми августи соли 1945 дар зодгоҳаш аз дунё гузашт ва мақбараи ӯ дар деҳаи Пастиғави Кӯҳистони Мастчоҳ зиёратгоҳи ҳамдиёрон ва мухлисони шеъри шоир мебошад.
Ашъори дилнишини Юсуф Вафо дар дилу ёди мардум маъво дорад ва ба қавли худи шоир:
Ҷомаи умри дигар гардид шеъри бофтаам,
Бо шумо ман зиндаам бо ҷомаи навёфтаам.

Абдурозиқ РАҶАБЗОДА,
Муллошукур ШОКИРЗОДА,
“Нигоҳи халқ”

ҲАНГОМИ ИСТИФОДАИ МАТОЛИБИ “НИГОҲИ ХАЛҚ” ИШОРА БА САРЧАШМА ҲАТМИСТ.

 

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code