БО ДУОИ ПИРОНИ КОРУ ХУДОТАРСУ БАОР

Дирӯз, 24 январи соли ҷорӣ и.в. раиси ноҳияи Мастчоҳ Тоҳир Азиззода ба аёдати як гуруҳ собиқадорони меҳнат рафта, ба онҳо кӯмаки яквақтаи молиявӣ тақдим кард.
Дар ин бора ба рӯзномаи “Нигоҳи халқ” аз Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ зимни суҳбати самимӣ бо собиқадорон Тоҳир Азиззода аз меҳнати пурсамару созандаи онҳо дар рушди соҳаҳои гуногун ёдоварӣ намуда, корномаи эшонро намунаи ибрату пайравӣ ба насли ҷавон донистааст.
– Раиси муҳтарам Тоҳир Азиззода фаъолияти худро бо дуои пирони кор ва собиқадорони меҳнат оғоз карданд, ки фоли нек аст. Дар се рӯзи охир раиси муҳтарам фарзандони некноми диёр ва онҳое, ки барои халқ содиқона хизмат кардаанд – Саидҳаким Боқиев, Зиннат Шафақ, Ҳомид Файзиев, Юлдошбой Тӯйчиев, Хосият Сафарова, Темур Раҳмонов, Толиб Гиёев, Ҷӯрабой Абдураҳимовро аёдат намуда, барои меҳнатҳои софдилонаашон ибрози сипосу миннатдорӣ намуданд. Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия барои чунин иқдоми нек ва дастгирии ташаббусҳои шӯро аз раис миннатдор аст, – гуфт зимни суҳбат ба хабарнигори мо Сурайё Ёқубова, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия.

Муллошукур ШОКИРЗОДА,
“Нигоҳи халқ”

 

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code