ИДОМАИ ҲАШАРИ ТОЗАГИЮ ОБОДОНӢ, НИҲОЛШИНОНӢ ВА АЁДАТИ СОБИҚАДОРОН ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

Имрӯз, санаи 25.01.2020 кормандони масъули мақомот, ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорон ва хонандагони мактабҳо, фаъолон, уламои дин дар тамоми шаҳраку деҳоти ноҳия ба ҳашари умумихалқӣ баромаданд. Ин тадбир дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, сурат гирифта, масъулияти сокинонро дар ободу зебо ва тозаву озода намудани маҳалли зист ва истиқболи сазовори ҷашнҳои фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 23-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Мастчоҳ баланд мебардорад. Зимни баргузории ҳашари ободонӣ иштирокчиёни он кӯчаву хиёбон ва маҳаллаҳои зист, ҷӯйборҳо ва атрофи биноҳои маъмуриро тозаву озода намуда, ҳамчунин ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз шинониданд.
Шоиста зикр аст, ки бо дастур ва муосидати Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия муҳтарам Тоҳир Азиззода дар Ҷамоати деҳоти Палдорак роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, сархатиби ноҳия ва роҳбарияти маҳаллаи “Палдорак” иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ҳотамбек Шокировро аёдат намуда, ба ӯ кӯмаки яквақтаи маводи ғизоӣ дастрас карданд. Родбарди ватан, иштирокчии ҶБВ бобои Ҳотамбек Шокиров барои чунин дастгирию меҳрубонӣ дар ҳаққи роҳбарияти олии кишвар, вилоят ва ноҳия, ободии Тоҷикистон ва саодати халқ дуои нек намуд.

 

 

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code