ТОЗАВУ ОЗОДА ВА ОБОДУ ЗЕБО ГАРДОНИДАНИ ДИЁР – ФАЙЗУ БАРАКАТИ РӮЗГОР

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи кишвар чунин муроҷиат намудаанд: “Ба ҳамаи сокинони мамлакат муроҷиат мекунам, ки то ҷашни муқаддасу бузурги 30-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ҳар як оила ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин кӯшиш намояд.” Дар партави чунин дастури созандаи Пешвои муаззами миллат имрӯз, санаи 18.01.2020 дар маркази ноҳияи Мастчоҳ – шаҳраки Бӯстон ҳашари тамизкорию ободонӣ ҷараён гирифт, зимни он кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳрак, аз ҷумла омӯзгорону муҳассилини муассисаҳои таълимӣ кӯчаву хиёбонҳои шаҳрак ва назди биноҳои маъмуриро тозаву озода намуда, дарахтонро ба тартиб оварданд. Ҳамзамон корҳои сафолакпӯш намудани роҳрави назди бинои КДФ “ХМК”-и ноҳия ва ободонии боғи назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вусъати тоза пайдо кард. Бо ибтикори И.в. Раиси ноҳия муҳтарам Тоҳир Азиззода ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия минбаъд ҳар ҳафта рӯзи шанбе чунин тадбирҳои тамизкорию ободонӣ сурат мегиранд, ки албатта ба маркази ноҳия ва шаҳраку деҳоти он файзу сафои нав мебахшад.

  

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code