МАСТЧОҲ: СОҲИБКОРОН ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДАРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД

Субҳи имрӯз, 28 январи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ мулоқот ва машварати и.в. раиси ноҳия Тоҳир Азиззода бо соҳибкорони маҳалӣ баргузор гардид.
Нахуст и.в. раиси ноҳия Тоҳир Азиззода чорабиниро ифтитоҳ намуда, иттилоъ дод, ки вохӯрии имрӯза дар партваи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат баргузор гардида, мақсади он шунидани пешниҳоду дархости соҳибкорон барои равнақи корҳои созандагӣ ва ободкории диёр мебошад.
Сипас Устосафар Олимов, раиси Асотсиатсияи соҳибкорони ноҳия доир ба фаъолияти бунёдкоронаи соҳибкорон ва нақши онҳо дар пешрафту ободии диёр маълумот дод. Гуфта шуд, ки соҳибкорони ватандӯсти Мастчоҳ бо дарки масъулияти баланд ташаббусҳои наҷибу созандаро дастгирӣ менамоянд.
Пешниҳод гардид, ки барои вусъат бахшидани корҳои созандагӣ ва саҳми шоиста гузоштан дар ободии диёру маҳал суратҳисоби махсус кушода шавад. Чунин таклиф аз ҷониби иштирокдорони машварат якдилона дастгирӣ ёфт.
Соҳибкорони шинохтаву ватандӯсти диёр Устосафар Олимов, Фахриддин Зокиров, Бунёд Исмоилов, Урмон Тошев, Зариф Ҳомидов ва Мирзоюсуф Ҳасанов бо камоли майлу хушнудӣ иброз намуданд, ки аз чунин иқдоми неку саривақтӣ ҷонибдорӣ ва баҳри рушду ободии диёр мувофиқи имкон саҳмгузорӣ менамоянд.
Дар идомаи машаварт барои назорати самаранок истифода бурдани маблағҳои суратҳисоби мазкур комиссияи босалоҳият аз ҳисоби соҳибкорон таъсис дода шуд.
Дар фарҷоми мулоқот Тоҳир Азиззода, и.в. раиси ноҳияи Мастчоҳ ба соҳибкорони худшиносу ватандӯсти диёр барои дастгирии ташаббусҳои неки давлату ҳукумат ибрози сипосу миннадорӣ кард.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code