НАХУСТИН НИШАСТИ МАТБУОТИИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 ва ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода тасдиқ гардидааст, имрӯз – санаи 31.01.2020 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ нишасти матбуотии Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия доир гардид, ки дар он намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Ҳокимбек Накҳатзода иштирок намуд.
Нишасти матбуотиро Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Тоҳир Азиззода ифтитоҳ намуда, ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ноҳиявӣ ва вилоятиро ба он хайрамақдам гуфта, баъдан муҳимтарин дастоварду комёбиҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияро, ки дар натиҷаи фаъолияти пурсамари сокинон давоми соли 2019 ба даст омадаанд, барои намояндагони воситаҳои ахбори омма ба таври мухтасар шарҳу тавзеҳ дод. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия, муҳтарам Тоҳир Азиззода аз ҷумла изҳор намуд, ки дар соли 2019 иҷроиши нақшаи андозҳо бе назардошти андози иҷтимоӣ 102,5 фоиз таъмин гашта, ба ҷойи 87 млн. сомонии дар нақша пешбинишуда, амалан 89 млн. 150 ҳазору 619 сомонӣ маблағи андозҳо ворид карда шудааст, ки нисбати нақша 2 млн. 150 ҳазору 619 сомонӣ зиёд аст. Нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,6 фоиз таъмин гашта, ба ҷойи 113 млн. 669 ҳазор сомонӣ, 114 млн. 396 ҳазору 97 сомонӣ маблағи андозҳо ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати нақша 727 ҳазору 97 сомонӣ зиёд мебошад.
Воридоти андозҳо дар умум таъмин гашта, аз 12 сарчашмаи воридии андозҳо ва дигар пардохтҳои андозбандишуда иҷроиши 1 намуди он – андоз аз даромад ба маблағи 6 млн. 367 ҳазору 885 сомонӣ таъмин нагардида, ба ҷойи 20 млн. 240 ҳазор сомонӣ – 13 млн. 872 ҳазору 115 сомонӣ маблағи андозҳо ворид карда шуда, ки 68,5 фоизи нақшаро дарбар мегирад.
Тибқи маълумоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи «Равзанаи ягона» дар соли 2019 дар миқёси ноҳия 5785 адад субъектҳои соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2018 422 адад ва ё 117 фоиз зиёд гардидааст.
Дар соли 2019 саноатчиёни ноҳия дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳадафи чоруми миллӣ эълон намудани саноатикунонии босуръати кишварро дар амал татбиқ намуда, истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 240 млн. 694 ҳазор сомонӣ расониданд, ки дар муқоиса ба соли 2018 – 39 млн. 484 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 119,6 фоизро дарбар мегирад.
Нақшаи муфассали корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ноҳияи Мастчоҳ дар натиҷаи даровардани тағйироту иловаҳо ба ба 535 банд расонида шуд. Дар ин радиф, то давоми соли 2019, 157 адад иншоот, ба маблағи 39 млн. сомонӣ, бунёд гардида, 7,3 км роҳҳо пурра мумфарш карда шуданд.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Мастчоҳ, муҳтарам Тоҳир Азиззода дар қисмати саволу ҷавоби нишасти матбуотӣ ба пурсишҳои рӯзноманигорон Ҳасан Гулов, Саодатхоҷа Солеҳзода, Зикриё Дилшод, Арбоб Қурбон, Шаҳнозаи Ниёзбоқӣ, Мирзоҳамдам Шарифзода, Абдуқодир Абдуллоев ва дигарон посухҳои мушаххас дод.
Зимни баргузории нишасти матбуотӣ Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия муҳтарам Тоҳир Азиззода ҳамчунин ҷиҳати нақшаву ниятҳои неки созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 23-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки бо ҳидояти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли равон дар ноҳияи Мастчоҳ баргузор мегардад, ибрози андеша карда, аз аҳли қалам даъват ба амал овард, ки дар таҷлили бошукӯҳи ин ҷашни фархунда ҳиссаи арзандаи худро гузоранд.
Нишасти матбуотии Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия муҳтарам Тоҳир Азиззода дар руҳияи комили ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни ихлосу эхтиром ҷараён гирифт.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code