ШУКӮҲИ ҶАШНИ САДА ВА ОЗМУНИ “ДАСТАРХОНОРОӢ” ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

Дирӯз, санаи 30.01.2020 дар ноҳияи Мастчоҳ бахшида ба ҷашни фархундаи ниёгон – Иди Сада чорабинии бошукӯҳ баргузор гардида, ҳамзамон даври ноҳиявии озмуни “Дастархонороӣ” натиҷагирӣ карда шуд. Чорабинии мазкур дар Маҷмааи навбунёди хизматрасонии “Диёр”, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Оббурдон, ки дар ин рӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, баргузор гардид. Ба ин муносибат дар назди маҷмааи мазкур намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва техникаи кишту кор, ниҳолҳои ороишӣ ва мевадиҳанда ташкил карда шуд. Дар чорабинии ҷашнӣ бахшида ба таҷлили иди Сада ва натиҷагирӣ аз озмуни “Дастархонороӣ” роҳбарияти ноҳия таҳти сарварии Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия муҳтарам Тоҳир Азиззода, шаҳраку деҳот, кишоварзон, ҳунармандон, собиқадорони меҳнат, бонувону духтарони фаъол ширкат варзиданд. Зимни суханронии табрикотӣ ба муносибати ҷашни Сада, ки бо ибтикори фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлолият эҳё гардидааст, Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Тоҳир Азиззода мазмун ва моҳияти ин иди фархундаи ниёгонро маънидод карда, аз ҷумла таъкид намуд, ки: “Ҷашни Сада моҳияти созандагию офарандагӣ дошта, ҳадаф аз таҷлили он саъю талош барои фаровонҳосилӣ, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, равона кардани кӯшишу ғайрат барои ободии диёр аст.
Ин ҳадафҳои созанда ба нақшаву ниятҳои ободгаронаи Пешвои муаззами миллат, давлату Ҳукумат ва роҳбарияти вилояту ноҳия комилан мутобиқат намуда, мардумро барои боз ҳам ободу шукуфон намудани Ватан муттаҳид месозад. Барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мусоидат менамояд. Маҳз ба ҳамин хотир имрӯз баробари таҷлили ҷашни Сада аз даври ноҳиявии озмуни «Дастархонороӣ» натиҷагирӣ менамоем”.
Баъди суханронии И.в. Раиси ноҳия муҳтарам Тоҳир Азиззода тибқи натиҷаи даври ноҳиявии озмуни “Дастархонороӣ” ғолибон муайян карда шудаанд. Ҳамин тавр, дар озмуни мазкур Ҷамоати деҳоти Оббурдон ба гирифтани ҷойи якум, Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ ҷойи дуюм ва Ҷамоати шаҳраки Обшорон ҷойи сеюм сарфароз гардиданд, ки ба роҳбарияти онҳо диплом ва туҳфаҳои хотиравии мақомот тақдим карда шуд.
Дар ин рӯз моликони маҷмааи хизматрасонии “Диёр”, соҳибкорон аз оилаи Муллонаврӯзовҳо бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои 28 нафар ятимони кулл дасти сахо дароз намуда, барояшон дастархони идона оростанд ва ҳамзамон тӯҳфаҳои гуногун, сарулибос, бозичаҳо, маблағ тақдим карда, инчунин кӯмаки моддӣ дар шакли маводи ғизоӣ дастрас намуданд, ки ин боиси шодию нишоти онҳо гардид. Барои чунин амалҳои хайру савоб Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия муҳтарам Тоҳир Азиззода ба оилаи Муллонаврӯзовҳо изҳори ташаккур намуда, бо намояндагӣ аз ин оила ба Кароматулло Муллонаврӯзов Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро тақдим кард.
Ҳунарнамоии санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия анҷомбахши чорабинӣ гардид.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code