ВОХӮРИИ МУҲИМ ОИД БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

Дирӯз, санаи 04.02.2020 дар маҷмааи хизматрасонии “Олимиён”-и Ҷамоати деҳоти Палдорак вохӯрии роҳбарияти ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо аҳолӣ доир ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Вохӯрии мазкурро Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Тоҳир Азиззода ифтитоҳ намуда, мақсаду мароми баргузории онро шарҳ дода, оид ба муҳимтарин нуктаҳои асосии Паём, моҳияти аслии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар рушди ҳаёти ҷомеа, нуишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва иҷрои вазифаҳое, ки аз Паём бармеоянд, муфассал маърӯза намуд.
Дар вохӯрӣ Прокурори ноҳияи Мастчоҳ, мушовири адлияи дараҷаи якум Иззатуллозода Акобир Қурбон оид ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар партави Паёми Пешвои миллат, Раиси Кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар ноҳия Зокиров Дилшод Мансурович вобаста ба мавзӯи “Паём ва рисолати созандаи шаҳрвандон”, сардори шуъбаи ноҳиявии КДАМ ҶТ дар ноҳия Музайлиев Суҳроб доир “Паём ва масъалаҳои таъмини амният ва мубориза бо зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм дар шароити муосир”, комиссари ҳарбии ноҳия Сангинзода Аҳмадалӣ доир ба мавзӯи “Тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ ва омода намудани ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар партави Паём”, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Сурайё Ёқубова оид ба вусъат бахшидани раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ, камолоти маънавии ҷавонон ва баланди бардоштани маданияти шаҳрвандӣ дар доираи Паёми Пешвои миллат мубодилаи афкор намуданд. Ба пурсиши иштирокчиёни чорабинӣ аз ҷониби шахсони масъул ҷавобҳои посухи дақиқу боварибахш дода шуд.
-Боварии комил дорам, ки ҳамеша мову Шумо – ҳамдиёрони азиз, дастуру ҳидоятҳои маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, сармашқи фаъолият қарор дода, аз пайи баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинии худ ва ободу зебо намудани диёри хеш мегардем, -таъкид намуд, И.в. Раиси ноҳия муҳтарам Тоҳир Азиззода, дар ҷамъбасти вохӯрӣ.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code