ҶАМЪОМАДИ БОШУКӮҲИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Cанаи 21.02.2020 дар Қасри фарҳанги ноҳия ҷамъомади бошукӯҳи идона бахшида ба 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат доир гардид. Ҷамъомад бо ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва танин андохтани Суруди миллӣ оғоз ёфт. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Тоҳир Азиззода иштирокчиёни ҷамъомад ва кулли сокинони ноҳия, махсусан афсарону сарбозони қисмҳои низомии ҳудуди ноҳияро ба ифтихори 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат табрику таҳният гуфта, оид ба нақши Артиши миллӣ дар ҳаёти ҷомеа, хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис, ташаккул ва рушди Артиш, аҳамияти хизмати ҷавонон дар сохторҳои низомии мамлакат маърӯза намуд. И.в. Раиси ноҳия муҳтарам Тоҳир Азиззода аз он ҷумла ёдовар шуд, ки: “Таърихи даврони соҳибистиқлолии кишварамон гувоҳи он аст, ки Артиши миллӣ бо иқдоми Пешвои нусратёри миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, давоми бисту ҳафт соли мавҷудияти худ ба як лашкари тавоно ва пурқудрату нерӯманд мубаддал гардид. Ба таъкиди Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошад. Артиши миллии мо, ки дар шароити бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, дар натиҷаи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати кишвар тадриҷан устувору қавӣ гардида, бо кадрҳои соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад ва имрӯз мо метавонем дилпурона изҳор намоем, ки он ба нерӯи пурқудрати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст».
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои муҳайё намудани тамоми шароиту имкониятҳои хизматии афсарону аскарони қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия доимо тадбирҳои муҳимро амалӣ мегардонад. Бо ин мақсад ҳамасола маблағҳои зарурӣ аз буҷети ноҳия ҷудо карда мешавад”.
Баъди маърӯзаи табрикотии И.в. Раиси ноҳия як зумра кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот барои саҳми арзандаашон дар тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон бо Сипосномаи Раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд. Дар ин радиф, ҳамчунин як зумра роҳбарон, аз ҷумла И.в. Раиси ноҳия муҳтарам Тоҳир Азиззода бо медалҳои ҷашнии Вазорати мудофиа мамлакат қадршиносӣ гардиданд. Суруду навои дилошӯбу тарабангези санъаткорон, минҷумла ҳунарнамоии Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон устод Муродбеки Насриддин табъи иштирокчиёнро болидаву сурурангез намуд.

 

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code