ПАЁМИ табрикотии Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Мастчоҳ Тоҳир Азиззода бахшида ба таҷлили 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!
Муҳтарам сарбозону афсарони қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия!
Ҳар яки Шуморо ба муносибати фарорасии 27-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам табрику муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатию хушбахтӣ, файзу баракати зиндагӣ, саодату иқболи баланд ва тамоми шодию нишоти оламро таманно дорам.
Тавре, ки Пешвои муаззами миллат Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Қувваҳои Мусаллаҳ кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буда, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар саҳми бузург доранд».
Таърихи даврони соҳибистиқлолии кишварамон гувоҳи он аст, ки Артиши миллӣ бо иқдоми Пешвои нусратёри миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, давоми бисту ҳафт соли мавҷудияти худ ба як лашкари тавоно ва пурқудрату нерӯманд мубаддал гардид.
Ба таъкиди Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошад. Артиши миллии мо, ки дар шароити бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, дар натиҷаи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати кишвар тадриҷан устувору қавӣ гардида, бо кадрҳои соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад ва имрӯз мо метавонем дилпурона изҳор намоем, ки он ба нерӯи пурқудрати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст».
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои муҳайё намудани тамоми шароиту имкониятҳои хизматии афсарону аскарони қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия доимо тадбирҳои муҳимро амалӣ мегардонад. Бо ин мақсад ҳамасола маблағҳои зарурӣ аз буҷети ноҳия ҷудо карда мешавад.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон беҳтарин мактаби ҳаёт мебошад. Зеро ҷавонон маҳз дар давраи хизмати ҳарбӣ моҳияти аслии мафҳумҳои Ватан, Модар ва Миллатро бо тамоми мазмун беҳтару хубтар дарк менамоянд. Ба қадри зиндагӣ, хизматҳои падару модар мерасанд. Қавииродаву мушкилнописанд мегарданд. Бинобар ин, мову Шуморо лозим аст, ки дар тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҷавонон ва омода намудани онҳо барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат саҳми шоистаи худро гузорем.
Дар фароварди сухан бори дигар ҳар яки Шумо ҳамдиёрон ва махсусан сарбозону афсарони Ватанро ба муносибати таҷлили ҷашни фархундаи 27-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ табрику таҳният гуфта, бароятон тандурустию умри дароз, бахту иқболи бегазанд, ҷасорату матонат ва нангу номуси баланди миллӣ таманно дорам.
Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат – ҷашни фархундаи ҳомиёни Ватан муборак, родмардони Тоҷикистон!

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code