ТАҶЛИЛИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ҚИСМИ НИЗОМИИ 0201 БО ИШТИРОКИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ ТОҲИР АЗИЗЗОДА

Cанаи 21.02.2020 Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Тоҳир Азиззода ҳамроҳ бо роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, комиссариати ҳарбии ноҳия ва КИ ҲХДТ дар ноҳия ба қисми низомии 0201-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Навбаҳор ташриф оварда, ҳайати роҳбарикунанда ва афсарону сарбозонро ба муносибати фарорасии 27-солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфт. Зимни сухани табрикотӣ И.в. Раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Тоҳир Азиззода таъкид дошт, ки нақши Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзу ҳимояи Ватан ва обу хоки муқаддаси он басо бузург аст. Дар ин самт сарбозону афсарони қушунҳои сарҳадӣ ҳамчун сипоҳи зафар ва чашми бедори Ватан марзи муқаддаси кишварро бо тамоми ҳастӣ муҳофизат менамоянд, ки боиси ифтихору сарфарозии тамоми сокинони Тоҷикистон мебошад.
Раиси Кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Зокиров Дилшод ҳам сарбозону афсарони қисми низомии мазкурро ба шарафи 27-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистон шодбош гуфта, ба онҳо дар масири пурифтихори ҳимояи марзу буми Ватан саломатию саодатмандӣ, ҷасорату матонат ва нангу ори баланди ватандорӣ таманно намуд. Ба як зумра сарбозону афсарони қисми низомӣ ифтихорномаву сипосномаҳо тақдим карда шуд. Гузашти низомӣ ва ҳунарнамоии санъаткорон басо хотирмон сурат гирифт.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code