МАСТЧОҲ: НОЗИРОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ РАВАНДИ ИНТИХОБОТРО НАЗОРАТ МЕКУНАНД

Дар ноҳияи Мастчоҳ раванди интихоботро дар қатори нозирони миллӣ нозирони байналмилалӣ низ назорат мекунанд.
Субҳи санаи 01.03ю2020 дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ и.в. раиси ноҳия Азиззода Тоҳир Мирзораҳмат гуруҳи нозирони байналмилалиро аз Федератсияи Россия ва ИДМ пазироӣ кард.
Зимни суҳбат бо нозирон Тоҳир Азиззода, и.в. раиси ноҳияи Мастчоҳ таъкид намуд, ки дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ шаҳрвандон бо дили гарму пурумед ба номзадҳои писандидаашон овоз медиҳанд.
– Дар марҳилаи муайянкардаи қонун номзадҳои ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва онҳое ки ба таври худпешбарӣ номзадияшон ба қайд гирифта шуда буд, барномаҳои худро таблиғ карданд, барои ҷалби диққату боварии интихобкунандагон корбарӣ намуданд, – таъкид кард Тоҳир Азиззода, и.в. раиси ноҳияи Мастчоҳ.
Сипас нозирон ба участкаҳои интихоботӣ вобаста шуданд, ки раванди интихоботро назорат мекунанд.

Зафарҷон ЁҚУБОВ,
хабарнигори ҷамоатии “Нигоҳи халқ”

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code