МАСТЧОҲ: ОҒОЗИ МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ – ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ

Субҳи санаи 01.03.2020 дар ҳамаи участкаҳои интихоботии ноҳияи Мастчоҳ маъракаи муҳими сиёсӣ – интихобот бо шукргузорӣ аз Истиқлолияту ваҳдати миллӣ, фазои орому осудаи кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид.
Дар участкаи интихоботии рақами 27, воқеъ дар бинои Қасри фарҳанги шаҳраки Бӯстон низ бо иштироки и.в. раиси ноҳия Азиззода Тоҳир Мирзораҳмат, муовинони раис, масъулини кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, имомхатибону фаъолон ва дигар интихобкунандагони ҳудуди ҳавза соати 6:00 пас аз садо додани Суруди миллӣ овоздиҳӣ оғоз шуд.
Азиззода Тоҳир Мирзораҳмат, и.в. раиси ноҳияи Мастчоҳ пас аз овоз додан ба номзадҳои арзанда ибрози боварӣ кард, ки интихобот шаффофу демократӣ мегузарад ва ашхоси арзандаву ватандӯст соҳиби раъйи мардум мегарданд.
– Интихобот ифодакунандаи иродаи халқ ва иштироки ӯ дар ҳаёти сиёсии кишвар буда, барои рушди имрӯзу ояндаи мамлакати мо, ки зери сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи ояндаи дурахшон меравад, аҳамияти ниҳоят муҳим дорад, – таъкид кард Азиззода Тоҳир Мирзораҳмат, и.в. раиси ноҳияи Мастчоҳ.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Мастчоҳ аз 127566 беш аз 75 ҳазор нафар сокинони ноҳия интихобкунада буда, аз ин миқдор 1590 нафар бори аввал дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок мекунанд. Дар ноҳия 1 ҳавзаи якмандатӣ – Мастчоҳ – 18, 2 ҳавзаи вилоятӣ ва 40 ҳавзаи ноҳиявӣ амал мекунад.

Муродулло ПОЧОЗОДА,
“Нигоҳи халқ”

ҲАНГОМИ ИСТИФОДАИ МАТОЛИБИ “НИГОҲИ ХАЛҚ” ИШОРА БА САРЧАШМА ҲАТМИСТ.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code