НАМОИШ ВА ҚАБУЛИ ТЕХНИКАИ КИШОВАРЗӢ

Дар даромадгоҳи бинои маъмурии ҶДММ “Сафедгул”-и ноҳияи Мастчоҳ бо мақсади заминагузорӣ ба кишт ва вусъати корҳои саҳроӣ намоиш ва қабули техникаи кишоварзӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Тоҳир Азиззода, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Хайрулло Бобозода ва дигар ҳайати расмӣ, роҳбарияти Раёсати кишварзӣ, сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ, кишоварзон ва пирони кор иштирок намуданд. Чорабиниро муовини якуми Раиси ноҳия, сарпарасти соҳаи кишоварзӣ Атовуллозода Мулосоқӣ Фатҳулло ифтитоҳ карда, риштаи суханро ба ихтиёри Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Тоҳир Азиззода гузошт. Зимни суханронӣ И.в. Раиси ноҳия муҳтарам Тоҳир Азиззода аз он ҷумла таъкид дошт, ки техника мушкилкушои кори деҳқон буда, сатҳу сифати кишт ва тақдири яксолаи заҳмати деҳқон маҳз аз омодагии техникаи кишткунанда вобастагии калон дорад. Соли равон дар майдони 21735 гектар кишти зироатҳои баҳорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 12400 гектарашро кишти пайта ташкил медиҳад. Мавриди зикр аст, ки барои гузаронидани кишти баҳорӣ ва парвариши зироатҳои кишоварзӣ дар ноҳия 984 адад техника ва агрегатҳои кишткунанда мавҷуд буда, аз он 193 ададашро тухмипошакҳои тракторӣ ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии агрегатҳои кишткунанда 188 адади онҳо тухмипошакҳои пахтакорӣ мебошанд. Аз ин натиҷаҳо мо имкон дорем, ки дар даҳаи якуми моҳи март тамоми майдонҳоро барои кишти баҳорӣ тахту ҳамвор ва омодаи кишт намоем.
Сардори Саррёсати кишоварзии вилояти Суғд Хайрулло Бобозода ба сатҳи омодагии техникаи кишоварзӣ ба киштукори баҳории зироатҳо дар ноҳияи Мастчоҳ баҳои баланд дода, аз масъулин ва кишоварзон даъват ба амал овард, ки бо истифода аз техника барои рӯёнидани ҳосили баланд саҳми арзандаи худро гузоранд. Дар анҷоми чорабинӣ ба як гурӯҳ механизаторон ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ Сипосномаи Раиси ноҳия тақдим карда шуд.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code