МОДАР – ОФТОБИ ХОНАДОН ВА ОЛИҲАИ МЕҲРУ ВАФО

Паёми табрикотии Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Мастчоҳ Тоҳир Азиззода бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар

Модарону бонувони азиз!
Хоҳарони арҷманд!
Бо камоли меҳру садоқат ҳар яки Шумо ва тамоми занону модарон ва хоҳарону духтарони ноҳияро ба муносибати фарорасии иди фархундаи бонувон – Рӯзи Модар самимона аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам табрику муборакбод гуфта, бароятон пеш аз ҳама тансиҳатию умри дароз, бахту саодат, файзу иқболи нек ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам.
Бигзор, Шумо – модарону бонувон ва хоҳарони азиз дар зиндагӣ масруру шодмон ва мисли гулҳои баҳорӣ хурраму шукуфон бошед.
Ҷашни хуҷастаи Рӯзи Модар, ки бо шарофати сиёсати ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати беназир таҷлил карда мешавад, рамзи ихлосу самимият, меҳру муҳаббат ва арҷгузорӣ ба муқаддастарин мавҷудоти олам ва меҳрубонтарин шахс – модар мебошад.
Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба тифлаш ёд медиҳад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад.
Яъне дар замири фарзанд тарбия кардани эҳсоси садоқату самимият, некиву накӯкорӣ, хайру саховат ва ташаккули маънавии наслҳо натиҷаи заҳмати шабонарӯзии модарони мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубон мебошад.
Модар шахсест, ки шабу рӯз ба хотири роҳату осоиши тифлаш заҳмат мекашад ва намегузорад, ки фарзанди ӯ ранҷу озоре бинад.
Модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон мебошад».
Воқеан, Зан – модар офтоби тобони меҳру муҳаббат аст. Занону модарон – сарчашмаи файзбори садоқату самимият ва тоҷи бузургии ҳар як халқу миллатанд.
Дасти дуои модар қуввати дилу мадори ҷон ва сипари фатҳу кушоиши фарзандон аст. Ҳар нафаре, ки дар зиндагӣ дуои неки модарро мегирад, албатта саодатманду сарфароз ва баландиқболу фараҳманд мегардад. Офаридгор дар симои Зан – Модар гавҳари ҳусну малоҳат ва ишқу муҳаббатро ҷилвагар сохт, то зиндагӣ рангину зебо ва ширину дилрабо бошад.
Бонувон ва модарони меҳрубон!
Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар саҳифаи наверо дар ҳаёту рӯзгори модари иззатманди тоҷик боз намуд. Дар партави иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ нисбат ба ояндаи саодатмандонаи модарону бонувон ва тақдири хушбахтонаи хоҳарону духтарон бештар гардид.
Дар замони мо пешрафти ягон соҳаро бе ширкати занону хоҳарон ва модарони азиз тасаввур намудан аз имкон берун аст.
Занону модарони Мастчоҳ ба монанди тамоми модарони тоҷик бо малоҳату назокат ва фазилати баланд. муҳаббату самимияти азалӣ, матонату фидокорӣ ва ҳунармандии худ баҳри тарбияи ҳамаҷонибаи фарзандон пайваста заҳмат кашида, дар хонадорию меҳмоннавозӣ ва меҳрубонӣ ҳамто надоранд. Ба ин мазмун Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чаҳор сол пеш зимни пардабардорӣ аз муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар маркази ноҳия чунин таъкид намуда буданд: «Мардони Мастчоҳ ҳамеша бо номуси диёрдорӣ ва ғурури кӯҳистонии худ ифтихор мекунанд. Ва бояд гуфт, ки чунин ғуруру ифтихор, албатта, аз дили поку нияти нек ва нангу номуси занони Мастчоҳ сарчашма мегирад.
Зеро фарзанди боғайратро модари покдилу боҳиммат ба дунё меорад».
Бо чунин хислатҳои баланд ва фарзонагиву олиҳимматии худ занону модарони Мастчоҳ дар тамоми кишвар шуҳратманд гардидаанд. Пас ба ҳамаи Шумо – модарону бонувон ва хоҳарону духтарон, ки сарчашмаи зиндагии ҷовидон ва файзоварони рӯзгор мебошед, ҳамду сано мегӯям ва бори дигар ҳар яки Шуморо ба муносибати таҷлили Рӯзи Модар табрику муборакбод менамоям. Ба ҳар яки шумо тансиҳатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори хушу осуда орзумандам.
Ҷашн муборак бошад, модарону хоҳарони азиз!

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code