Апрел 2020

Суҳбати мутахасисони соҳаи тиб оид ба бемори илтиҳоби шуш, ва фарқи он аз пневманияи ковид -19 ..

Наворо инҷо бубинед: https://youtu.be/3O28o5b5hUo  

Ҷаласаи ситоди вилоятӣ оид ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ

21 апрел дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ҷаласаи ситоди вилоятӣ оид ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи ситод, ки таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифт, соҳибкорон, кишоварзон, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва воҳидҳои сохтории ноҳия ва дигар масъулон иштирок намуданд.… Read more Ҷаласаи ситоди вилоятӣ оид ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Мумфаршкунии роҳҳои дохили шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ оғоз ёфт

21 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ ба мумфаршкунии кӯчаҳои дохили шаҳраки Бӯстон оғоз бахшид. Боиси зикр аст, ки ин тадбир дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, кучаҳои маркази ноҳия ба масофаи 10 км мумфарш карда хоҳад шуд. Фармоишгари корҳо Идораи… Read more Мумфаршкунии роҳҳои дохили шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ оғоз ёфт

Дар ноҳияи Мастчоҳ сохтмони мактаб, қасри фарҳанг, варзишгоҳи марказӣ ва толори варзишӣ ҷараён дорад

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар чаҳорчуби сафари кории худ ба ноҳияи Мастчоҳ бо ҷараёни сохтмони иншооти ҷашнӣ шинос шуд. Раиси вилоят аз ҷумла дар Ҷамоати шаҳраки Суғдиён ва Ҷамоати шаҳраки Бӯстон рафти корҳои сохтмонии муассисаи таълимии навбунёд, қасри фарҳанг, варзишгоҳи марказӣ ва толори варзишии «Паҳлавонони Суғд»-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, ба масъулин ҷиҳати истифодаи… Read more Дар ноҳияи Мастчоҳ сохтмони мактаб, қасри фарҳанг, варзишгоҳи марказӣ ва толори варзишӣ ҷараён дорад

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – САРЧАШМАИ САОДАТИ ХАЛҚ

Дирӯз, санаи 21.04.2020 дар китобхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ ба номи Қувват Давлат семинар – машварати вилоятӣ таҳти унвони “Фаъолияти босамари ташкилоти ибтидоии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон – омили муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ” баргузор гардид. Дар семинар – машварати мазкур аъзои Шӯрои ноҳиявии Ҳаракат, раисон ва котибони ташкилотҳои ибтидоӣ, шоирони ваҳдатсаро ва иштирокчиёни… Read more ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – САРЧАШМАИ САОДАТИ ХАЛҚ

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти бунёди фабрикаи парандапарварии «Суғдиён-Свердловск»

​21 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ дар Ҷамоати шаҳраки Суғдиён рафти бунёди фабрикаи парандапарварии «Суғдиён-Свердловск»-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Фабрикаи мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади мусоидат дар рушди соҳаи парандапарварӣ ва… Read more Шиносоии Раиси вилоят бо рафти бунёди фабрикаи парандапарварии «Суғдиён-Свердловск»

БАРОИ МАНФИАТҲОИ ҶОМЕА

Дар Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии гуруҳи тарғиботии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо сокинон доир гардид. Нахуст Мирзоолим Мирзораҳимов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия вохӯриро ифтитоҳ карда, мақсаду муҳтавои онро шарҳ дод. Гуфта шуд, ки тарғиби чораҳои пешгирикунандаи бемории короновирус яке аз ҳадафҳои асосии вохӯрии мазкур… Read more БАРОИ МАНФИАТҲОИ ҶОМЕА

Дар ноҳияи Мастчоҳ монументи «Пахтаи шукуфон» бунёд мешавад

21 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳия шинос гардид. Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафар нахуст ба корҳои сохтмонии монументи «Пахтаи шукуфон» оғози расмӣ бахшид. Иншооти мазкур бахшида ба ҷашнҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 23-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар даромадгоҳи маркази… Read more Дар ноҳияи Мастчоҳ монументи «Пахтаи шукуфон» бунёд мешавад

БАРОИ ҲАЁТИ СОЛИМУ ХУШБАХТОНА

Санаҳои 16.04.2020 ва 17.04.2020 бо иштироки мудири бахши кор бо занон ва оила Мулоиброҳимзода Шабнам, сармутахассис оид ба ҳуқуқи кӯдак Гулов Шаҳбоз, мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Ниёззода Саиднӯъмон ва намояндагони Ҷамоати деҳоти Оббурдон Амонова Манзура ва Ҳоҷиева Дилафрӯз дар маҳаллаҳои Ҷамоти деҳоти Оббурдон, АХД Юсуф Вафо Файзӣ Султон ва маҳаллаи… Read more БАРОИ ҲАЁТИ СОЛИМУ ХУШБАХТОНА