ҲАР САХТӢ ОЗМОИШИ ХУДОСТ ВА АЗ ҲАР АНДӮҲЕ МОРО РАҲОНАНДА ӮСТ

Барои инсоният дар ҳар ҳама давру замон муҳимтарин масоили мубрам амният ва саломатист, ки ҳамора пайи талқин ва ҳифзи он кӯшидааст. Ин буда, ки башарият гоҳо аз хавфи бемории муътодӣ, гоҳе аз тарси норасоии масъуният, гаҳе аз бими Эбола ва вақти дигар аз террору иртиҷоъ халосӣ меҷӯяд ва аз Парвардигор наҷот мехоҳад.  Ҳамаи ин офат дар баробари хавф ҷомеаро ба биму тарс ва як навъ ҳароси марг мувоҷеҳ мекунад. Имрӯз низ яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳон эмин мондан аз вабои аср – вируси “тоҷдор”-и COVID – 2019 буда, таҳлукаи бузургро ба сари башарият андохтааст. Ба қавли коршиносон зиёни он ба иқтисоди ҷаҳон аз ҳар гуна ҷанг бештар буда, воҳимааш то ба ҷоест, ки ҳама сарҳадҳо, корхонаҳо, бозорҳо, дар маҷмӯъ, ҳама ҷойи гузори инсоният баста, дили миллионҳо дар ларза аст. Аммо дар ин маврид бояд ба Пайёмбари ислом  гӯш дод, ки фармудаанд: “Ҳар ҷое, ки касалӣ паҳншаванда бошад, ба он ҷо наравед  ва агар дар он ҷо бошад, аз ҳамон минтақаи касалӣ берун наравад”. Тибқи ҳадиси саҳеҳи мазкур амал кардан имрӯз ҳам фарз ва ҳам суннат аст. Ҳадиси мубораки Расули акрам (с.а.в.) аст, ки “Назарар бин ва на зарар расон”. Дар ин ҳошия муъмине, ки огоҳона (қасдан) ба мавзеи сироятёфта меравад, муртакиби кашонидани вирус аз ҷое ба ҷое мешавад, ё медонад, ки худсироятёфта аст ва тавассути гаштугузор онро паҳн менамояд, албатта, гунаҳгори азим мешавад. Мо бояд ба ҷое, ки касалӣ дар он ҷо доман густурдааст, наравем ва агар дар дохили он ҷо бошем, хориҷ нашавем ва дигар инсонҳоро ба ин вабо гирифтор накунем. Ин сухани Паёмбар маънои “корантин”-и имрӯзаро  дорад. Ҳамзамон, фаромӯш набояд кард, ки ҳар навъи беморӣ фақат ва фақат ба иродаи Худованди манон пайдо мешавад ва шифои он низ маҳз дар иродати Парвардигор аст. Агар иродаи Худованд бошад, дар ҷое, ки COVID-2019 набошад ҳам, инсон вафот менамояд.  Агар Худованд марги инсонро нанавишта бошад, на танҳо дар маркази ҳамин касалӣ, балки дар даҳони он бошад ҳам,  ба ӯ ҳеҷ зиёне  намерасад. Барои ҳамин мо бояд ки босабр бошем ва ба воҳима наафтем, ҳеҷ ҳоҷате  ба тарс нест чун Худованд Қуръон мефармояд: “Ҳар нафс ҷашандаи марг аст”. Ва дар ояти дигар Худованд мефармояд: “Эй Муҳаммад, бигӯ, агар шумоҳо аз мурдан ва аз мурда шудан гурезед, шуморо гурехтан суд надиҳад ва дар он ҳангом ба ҷуз андаке баҳрамандсохта нашавед”. Ҳар ҷо бошед, марг шуморо  дармеёбад, агарчи дар кохҳои баланд бошед. Ва агар ба онҳо неъмате бирасад, гӯянд; “ин аз назди Худо аст” ва агар ба онҳо бадие  бирасад,  гӯянд: “ин аз назди ту аст ”.  Пас, ин қавмро  чӣ ҳол аст, ки  намехоҳанд суханеро бифаҳманд? (Нисо, 78) Агар Аллоҳ ирода накарда бошад ва тақдир набошад, инсон аз дунё  намеравад.  Кай ва дар куҷо  ва ба  кадом сабаб дар тақдир  бошад  ва он тақдир ҳеҷ тағйир намеёбад. Воҳима ва гапҳои дурӯғу беасос лозим нест. Чунки Худованд мефармояд: “Акнун Худо аз шумо сабук сохт ва донист, ки дар миёни  шумо  сустие ҳаст”(Анфол, 66). Худованд дар сураи “Моида”, ояти 6 мефармояд, ки “дасту рӯятон бишӯед” ва дар ояти дигар  мефармояд: “Ва либосҳоятонро  низ пок  нигоҳ доред” (Муддассир, 4). Имрӯз аз ҷониби кулли табибони  олам ҷораҳои  пешгирии  мубориза алайҳи бемории сироятии “COVID-19”-ро дар тозагӣ (шустушӯи дастон бо  собун, зиддиуфунӣ кардани онҳо бо моеъҳои махсус) ва эҳтиёткорӣ  (салом бидуни дастҳо, риояи масофаи муайян) донистаанд, ки ин нукот 1400 сол қабл то инҷониб аз ҷониби маърифати исломӣ тарғиб ва ҳидоят меёбанд. Худованд ҳамчунин фармудааст, ки “хештанро бо дастҳои худ  ба (варатаи) ҳалокат маафканед” (Бақара, 195). Ин маънои онро дорад, ки дар вазъияти кунунӣ бе зарурат ба ҷойҳои серодам наравем ва воҳимазада низ набошем. Воҳимаҳо дар шабакаҳои  иҷтимоӣ  паҳн накунем, ки Худованд мегӯяд: “Агар мунофиқон ва касоне, ки дар дилҳояшон  беморист ва паҳнкунандаи  хабари бад дар Мадина (аз кирдоҳои  хеш) боз монанд, албатта, албатта туро бар онҳо баргуморем, сипас бо ту дар Мадина ба ҷуз замони андак ҳамсоя набошанд, яъне (аз Ватан берун карда шаванд)”. Хонандаи арҷманд, албатта,  ин  беморӣ (вабо) муваққатист, зеро Худованд гуфта: “Бигӯ, Худо шуморо аз он ва аз ҳар андӯҳе мераҳонад” (Аҳзоб, 66). Дар ҳақиқат, ин беморӣ (COVID-2019) гузаранда ва зуд паҳншаванда буда, оқибати маргбор дорад. Тибқи шариати исломӣ барои ҳимояи худ, наздикон ва дигар одамон бояд ки ҳар яки мо гигиенаи шахсиро риоя карда, муҳимтар аз ҳама, аз хона бе ҳоҷат берун наравем. Диламонро бетаҳлука, бебим ва воҳима нигоҳ дошта, кӯшиш намоем, ки бо ниятҳои наҷибу ояндасоз зиндагониро бомаром пеш барем. Яке аз масоили асосии маърифати исломӣ сабру шикебоӣ дар сахтӣ ва гирифторӣ буда, ояти каримаи “Худованд сабркунандаҳоро дӯст медорад” матлаби мазкуро возеҳтар намудааст. Аз ин рӯ, сабру таҳаммули ҳар яки мо  боиси раҳмати Парвардигор хоҳад гашт, ки даро ин ҷода ба ҳама тавфиқ хоҳонам.

Имомхатиби   масҷиди ҷомеи ба

номи Имом Бухорӣ, ноҳияи Мастчоҳ   

Ҳоҷӣ Саидҳомид Ниёзов

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code