ҶАЛАСАИ СИТОДИ НОҲИЯВӢ БО ИШТИРОКИ МУОВИНИ ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ

Имрӯз, санаи 18.05.2020. дар ноҳияи Мастчоҳ ҷаласаи навбатии ситоди ноҳиявӣ оид ба пешгирии интиқол ва пайдоиши бемории коронавирус (COVID-19) таҳти роҳбарии Раиси ноҳия муҳтарам Тоҳир Азиззода баргузор гардид, ки дар кори он муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Одиназода Азиз Абдусаттор иштирок намуд. Ҷаласаро Раиси ноҳия Тоҳир Азиззода ифтитоҳ намуда, мақсади баргузории онро шарҳ дода, баъдан риштаи суханро ба ихтиёри муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Одиназода Азиз Абдусаттор гузошт.
Муовини муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Одиназода Азиз Абдусаттор дар баробари пурсиш аз масъулини соҳаи тандурустии ноҳия вобаста ба пешгирии бемории коронавирус ва табобати шахсоне, ки бо аломатҳои ин беморӣ дар ноҳия бистарӣ гардидаанд фикру мулоҳизаҳои судмандро баён дошт. Номбурда аз тадбирҳои андешидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти сарварии Раиси ноҳия муҳтарам Тоҳир Азиззода дар самти мубориза ба муқобили вабои аср – бемории коронавирус, аз ҷумла анҷоми амалҳои безараргардонӣ, вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ, кори ситоди ноҳиявӣ, фаъолияти шабонарӯзӣ ва фидокории табибони ҳозиқ изҳори сипос намуда, ҳамзамон изҳор дошт, ки дар ин шабу рӯз бояд ҳамаи мо дар фикри саломатии мардум бошем. Ҳама, аз ҷумла тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ барои пешгирии паҳншавии бемории коронавирус саҳми ватандӯстонаи худро гузорем. Набояд фаромӯш кард, ки манбаи ҳамаи вирус ин ифлосӣ мебошад. Бинобар ин пеш аз ҳама ба тозагии манзилу маъвои худ диққати асосиро равона намоем. Корҳои безараргардонӣ дар ҳар як хонаву кӯча ва маҳаллаву деҳаи ноҳия пурзӯр карда шаванд. Табибони оилавӣ ҳар як лаҳза бояд дар хизмати мардум бошанд. Ҳамаи мо бояд мисли Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фикри мардум бошем. Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамзамон ба кормандони соҳа ҷиҳати пешгирии паҳншавӣ ва мубориза бо муқобили бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дастуру маслиҳатҳои муфид дод.
Ҷаласаи ситоди ноҳиявиро Раиси ноҳия Тоҳир Азиззода ҷамъбаст намуда, бо изҳори сипос аз ташриф ва дастури муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Одиназода Азиз Абдусаттор дар назди аъзои ситод вазифаҳои мушаххас гузошт.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code