Кӯмаки Пешвои муаззами миллат ба муассисаҳои тиббии вилояти Суғд

Санаи 16 майи соли равон бо ташаббус ва дастгирии саривактии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии табибони вилоят ва нафароне, ки ба бемории нави короновирус — COVID-19 гирифтор шудаанд, кӯмаки модди иборат аз 140 мошини пурбор аз пойтахти мамлакат ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дастрас гардид.

Дар маҷмӯъ, кумаки модди аз 900 тонна маводи озуқа ва дорувориҳо иборат буда, маблағи умумии он беш аз 6,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки ин кумак ба муассисаҳои тиббии вилоят, шахсони мубталои бемории вируси нав ва табибони ҳозиқ дастрас карда мешавад.
Маводи озуқаворӣ асосан аз молҳои ниёзи аввал — орд, биринҷ, равған, шакар, картошка, сабзӣ, пиёз ва дигар хӯрокворӣ иборат аст.

Маводи тиббӣ бошад, аз номгӯи дорувориҳое, ки Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳури барои табобати бемории Covid – 19 муқаррар кардааст ва дигар лавозимоти тиббӣ, аз қабили корҷомаҳо, ниқобу дастпӯшҳо ва бастаҳои гигиенӣ фароҳам оварда шудааст. Кӯмаки Пешвои муаззами миллат худи ҳамин рӯз ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дастрас карда шуд.

Кӯмаки саривақтии Пешвои муаззами миллат бахусус, кормандони соҳаи тандурустиро рӯҳбаланд намуд ва боиси дастгирии ҳар фарди меҳанпараст маҳсуб меёбад. Табибон ва намояндагони соҳаи тандурустии вилоят аз ин кӯмаки хайрхоҳона изҳори хушнуди намуда, миннатдории хешро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code