МАСТЧОҲ: ЧОРАҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИКӢ ПУРЗӮР КАРДА МЕШАВАНД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мубориза ба муқобили бемории сироятии нави коронавирус (COVID-19) таъкид намудаанд, ки: “Мо бояд ба худ бовар дошта бошем ва бо азми қатъӣ бар зидди ин беморӣ мубориза бурда, бо донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хеш аз ин вазъият раҳо шавем.
Дар ин мубориза ягон фарди бонангу номус набояд тамошобин ва бетараф бошад”.
Баҳри татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои зикршуда, ҳифзи саломатии мардум ва пешгирии сироятшавӣ аз бемории нави коронавирус (COVID-19) мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ таҳти сарварии Раиси ноҳия муҳтарам Тоҳир Азиззода тамоми тадбирҳоро андешида истодаанд. Дар ин самт фаъолияти ситоди ноҳиявӣ, ситодҳои ҷамоатӣ ва гурӯҳҳои корӣ пурзӯр карда шуда, корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ бо шеваҳои муосир, аз ҷумла бо истифода аз баландгӯяк, нашру пахши видеороликҳо тақвият бахшида мешаванд. Дар ҳамаи маҳаллаҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои безараргардонӣ анҷом дода шуда, миқдори кофии маводи доруворӣ захира карда шудааст. Шуъбаву бахшҳои дахлдори беморхонаҳои минтақавии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Мастчоҳ, Оббурдон, Палдорак ва Навбаҳор аз таъмири хушсифат бароварда шуда, барои табобати беморон шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам гардидааст.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code