ҶАРАЁНИ ТОЗАКУНИИ САРБАНД

Имрӯз бо ташаббус ва сарпарастии раиси ноҳияи Мастчоҳ Тоҳир Азиззода корҳои тозасозии Сарбанд (Плотина), ки манбаи асосии воридшавии об ба ноҳия мебошад, оғоз гардид. Дар ин бора ба рӯзномаи “Нигоҳи халқ” аз Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар доданд.
Тибқи инттилои манбаъ ин иқдом баҳри бемонеа ва бештар ворид сохтани об ба Мастчоҳ кӯмак намуда, мушкилоти кишоварзонро дар мавсими кишту парвариши маҳсулоти гуногун ва самаранок истифода бурдани замин осон мекунад,
Ноҳияи Мастчоҳ ноҳияи кишварзист ва заминҳои он тавассути пойгоҳҳи обкашӣ ва дар баъзе хоҷагиҳо чоҳҳои амудӣ обёрӣ мешаванд.

Муҳаммадалӣ САФАРЗОДА,
“Нигоҳи халқ”

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code