РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – РӮЗИ НАҶОТУ ХУШБАХТӢ ВА САОДАТУ САРБАЛАНДӢ Паёми табрикотии Раиси ноҳияи Мастчоҳ Тоҳир Азиззода бахшида ба 23-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ  

Ҳамдиёрони азиз!

Санаи 27-уми июн дар таърихи давлату давлатдории муосири тоҷик ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ, рӯзи наҷоту хушбахтӣ ва саодату сарбаландӣ сабт гардидааст. Чунки Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин  ва нодиртарин дастоварди даврони Истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад, ки самараи фидокорию ҷоннисорӣ, шуҷоату қаҳрамонӣ ва файзи ақлу заковати баланди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  – Пешвои  миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, 23 сол инҷониб ҳамчун омили пешрафту шукуфоӣ кишвару миллати  моро ба сӯи рушду саодат раҳнамун месозад.

Бинобар ин, бо камоли эҳтиром ҳамаи Шумо – ҳамдиёрони азиз ва тамоми ҳамватанони арҷмандро ба муносибати 23-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам табрику муборакбод гуфта, бароятон пеш аз ҳама тансиҳатию умри дароз, бахту саодати бегазанд, файзу баракати зиндагӣ ва дар ҷодаи фаъолият комёбию дастовардҳои беназирро таманно дорам.

Ба таъкиди хирадмандонаи Пешвои ваҳдатофари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯйи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст.

Маҳз самараи ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он буд, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳалаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид.

Раҳоӣ бахшидани кишвар аз буҳрони шадиди иқтисодӣ, гузоштани заминаи устувор барои таъмини рушди иқтисодӣ, бунёди зерсохторҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла роҳу нақбҳо, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, рушди бомароми саноату кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, бунёди даҳҳо ҳазор гектар боғу токзор аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси ин марҳала мебошанд.

Сохтмон ва таъмиру таҷдиди ҳазорҳо мактабу кӯдакистон ва муассисаҳои тиббӣ, қомат афрохтани даҳҳо кохи фарҳангу китобхонаву варзишгоҳ ва умуман, дигаргун гардидани симои шаҳру ноҳияҳо ва шароити зисти сокинони онҳоро имрӯз ҳар фарди огоҳи кишвар чун ойина дар пешорӯи худ мебинад».

Воқеан, Ваҳдати миллӣ пояҳои Истиқлолияти давлатиро ҳамаҷониба таҳким бахшид. Айни замон, сокинони сарбаланди Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз дастовардҳои Ваҳдати миллӣ таҳти сарварию ҳидоятҳои созандаи Пешвои ваҳдатофарини миллат баҳри истиқболи шоистаи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлати бо меҳру садоқат ва ифтихори баланди ватандорӣ аз пайи ободу зебо ва пешрафтаву неруманд гардонидани Тоҷикистони азизи хеш мебошанд.

Сокинони заҳматқарину зафарманди ноҳияи Мастчоҳ бо шукргузорию қаноатмандӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз сиёсати ватандӯстонаву миллатпарваронаи Пешвои муаззами миллат софдилона саъю талош намуда, тамоми қудрату нерӯи худро ба он равона менамоянд, ки дар ободу зебо гардонидани Тоҷикистони азизи худ саҳми арзандаву шоиста гузоранд.

Дар ноҳия ба истиқболи шоистаи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ раванди корҳои созандагию ободонӣ, сабзкорӣ, тозаву озода ва ободу зебо намудани кӯчаву маҳалла ва шаҳраку деҳот ҳар лаҳза авҷу барор гирифта истодааст.

Боиси ифтихор аст, ки сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҳамеша баҳри таҳкими пояҳои Ваҳдати миллӣ бо тамоми қудрату нерӯи худ саъю талош менамоянд. Бо кору амали созанда дар сафи пеши ватанпарастони асил қарор доранд ва шабу рӯз дар пайи ободу зебо ва сабзу хуррам намудани Тоҷикистони маҳбуби худ мебошанд.

Бо умеди саодату хушбахтии мардуми кишвар ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон бори дигар ҳамаи ҳамдиёрону ҳамватанони азизро ба шарафи 23-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод мегӯям.

Бигзор офтоби Ваҳдат ҳамеша бо партави ҳаётбахши худ рӯзгору хонадон ва Тоҷикистони азизро мунаввар ва ҳастии мардуми моро қудратманду музаффар гардонад.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

 

 

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code