Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

МАКТАБИ ДАВЛАТДОРӢ (Нигоҳе ба мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми он дар тарбияи насли наврас)

25.08.2021 00:00

 
Ҷасорату мардонагӣ дар фалсафаи мактаби давлатдории Пешвои миллат хело мавқеи баланд дошта, ҷавононро ба он водор месозад, ки ҳамеша дар корвони давлатдорӣ далеру ғаюр ва ҳушёру тавонон бошанд. Ин ду унсур на танҳо рӯҳияи поквиҷдониро дар ниҳоди инсон тарбия мекунанд, балки мавқеи шоистаи онҳоро дар ҳифзи ватан ва гиромӣ доштани рукнҳои он ташаккул медиҳад. Вақте ҷасорат аст, ҳеҷ як нерўи манфиатдор наметавонад дар муқобили он ба худи шахс ва ватанаш зарар расонад.

Таърихи даврони соҳибистиқлолии кишварамон собит намуд, ки ҳақиқатан, Пешвои маҳбуби миллат бо фаъолияти сиёсии худ аз сабақҳои бузурги таърихӣ, ки ба сарнавишти халқ ва бунёди давлатдории миллиамон иртиботи қавӣ дорад, сарбаландона баромаданд. Оғози давраи нави давлатдории халқи тоҷик дар ибтидои асри бистум оғоз ёфта, то имрӯз бонизом идома дорад. Ин рӯзҳои офтобӣ, озодӣ, осоиштагӣ ва сарбаландӣ ба халқи тоҷик осон ба даст наомадааст. Дар ин роҳ хизмати Пешвои муаззами миллат дар барқарорсозии асосҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоии истиқлолияти давлатиамон беназир ва ибратомӯз буда, чунин саҳифаҳои таърих бо гузашти вақт барои халқи тоҷик, хусусан наслҳои оянда аҳамияти бузургро касб менамояд.
Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба арсаи сиёсат ворид гардидани ин фарзанди фидоии миллат, ҳисси баланди миллӣ, ҷасорат ва нангу орияти ватандорӣ дар ниҳодашон мисли мавҷҳои дарё пуртўѓён буд ва ҳар иқдомоте, ки пеш гирифта мешуд, маҳз ба хотири таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва иттиҳоди халқ равона гардида буд.
Эмомалӣ Раҳмон дар замоне ба ин вазифаи басо пурмасъулият ва серталаб интихоб шуданд, ки кишварамонро ҷанги таҳмили шаҳрвандӣ фаро гирифта буд. Дар чунин вазъияти ноустувории сиёсӣ, ки сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардида буданд, роҳбаре зарур буд, ки бо механизмҳои устувор ва ояндабин ҳолати вазнинро бартараф намуда, вазъи кор дар мақомотҳои давлатиро ба таври муътадил роҳандозӣ намояд. Ба ифодаи дигар раванди густурдае зуҳур карда буд, ки зери таъсири қувваҳои манфиатдорӣ дохилӣ ва хориҷӣ сохтори давлатӣ бо назардошти кӯшишҳо баҳри доштани сари роҳи нооромиҳо, ки рӯз аз рӯз шиддат мегирифт, пешгирӣ карда натавонист. Бо ин сабаб, боварии мардум нисбати ҳукумат кам гардида буд ва ягона умеди зиндагиро халқ дар муҳоҷират ба дигар давлатҳо сазовор медонистанд.
Нахустин хизматии таърихии Пешвои миллат дар он аст, ки дар мамлакат ҷанги шаҳрвандиро бо заҳматҳои шабонарузӣ, ки басо вазнин буд, хомӯш намуданд. Ҷангро хомӯш кардан кори саҳл набуд. Дар он вазъият давлат ва миллат ба сарваре эҳтиёҷ дошт, ки хатари аз байнравии давлат ва миллатро пешгирӣ созад. Ин қаҳрамони миллат бо принсипҳои олии сиёсати давлатдории худ тавонист тамоми қувваҳои оштинопазирро сарфи назар аз манфиатҳояшон, ки талоши онҳо ба ҳамин равона гардида буд, ба ҳам орад. Ба давлатдории миллиамон барои садсолаҳо, ки муроди ҳазорсолаи мардум аст, асос гузоштанд.
Роҳбари давлат баҳри ворид намудани гардиши куллии мусбӣ дар низоми сиёсии давлатдорӣ, нақшаҳои асоснок ва пешбининамудаи худро муайян намуда, иқдомоти минбаъдаи худро нисбати сарнавишти давлат ва миллат тибқи муқаррароти онҳо роҳандозӣ карданд. Натиҷаи чунин барномаҳои афзалиятнок буд, ки имрӯз давлати тоҷикон бар пояи иттиҳод ва дӯстии тамоми мардум дар марҳилаи нави рушду инкишоф қарор дорад.
Яке аз принсипҳои олии давлатдории Пешвои миллат дар он ифода меёбад, ки тариқи музокирот бо ҷониби мухолифин тавонистанд санаи 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расониданд. Ин санади таърихӣ ба идомаи давлатдории мо заминаҳои хуби сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ муҳайё намуд. Умеди халқ ва наслҳои ояндаро ба фардои осоишта ва гул-гул шукуфон қавӣ сохт. Халқро муттаҳид ва идоракунии давлатро бонизом таъмин гардонид.
Хусусияти хоси сулҳ дар он аст, ки қонуниятҳои рушди инкишофи ҷомеаро дар муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, ки пешрафтро дар ҳамаи соҳаҳо бозмедорад, устуворона мегузорад.
Боиси ифихор аст, ки ҳар як рукнҳои волои мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат, имрӯз барои тарбияи насли ояндасоз ба сифати манбаи муҳими дарки воқеияти зиндагӣ, ватандустӣ ва давлатдорӣ баромад менамоянд. Таҳлил, омӯзиш ва татбиқи босамари онҳо дар ҳаёт ва кору фаъолияти ҳаррӯза ғояҳои навро дар тафаккури ҷавонон бедор намуда, роҳҳои минбаъдаи инсондустӣ ва эҳтироми арзишҳои миллиро дар афкори насли наврас такмил медиҳад.
Сабақҳои таърихии ватандӯстии Пешвои миллат дар раванди давлатдории навини мо дар таълиму тарбияи дарси ватандорӣ барои ҷавонон бағоят нақши муҳим дошта, ба сифати муҳимтарин сарчашмаҳои дарки рисолати таърихии ҳар як шаҳрванд барои ҳифзи марзу бум баромад мекунанд. Имрӯз ватандорӣ дар ниҳоди ҷавонон ба шакле зуҳур карда истодааст, ки метавон ҳамчун як нишондод дар мавзуи ояндаи давлат сухан гуфт. Пайгирии ин сифатҳои бузург саҳми ҷавононро дар пешрафти давлат, ҳимояи марзу буми он ва боло бардоштани нуфузи давлат дар арсаи байналмилалӣ хело боло бурдааст. Вақте таърихи солҳои вазнини соҳибистиқлолиро варақ мезанем, ҷонфидоии сарвари давлат ба мо равшан мегардад. Чунин ҷасорати ӯ мо, ҷавононро беихтиёр ба домони ҳифзи ватан мекашад. Натиҷаи чунин тадбирҳост, ки имрӯз мавқеъгирии ҷавонон дар ҳамаи самтҳои муҳими ҳаёти ҷомеа чашмрас аст.
Фатҳулло БОҚИЗОДА


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter