Соҳибкори маҳаллӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ Абдуваҳҳоб Ҳасанзода иқдом гирифтааст, ки дару тирезаҳо ва саҳни яке аз биноҳои МТМУ №8-и Ҷамоати деҳоти Палдоракро аз ҳисоби худ нав кунад.

ПАРЧАМ – РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ ВА САРМОЯИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ Паёми табрикии иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ

23.11.2021 15:43

 

     Ҳамдиёрони арҷманд!

     Парчами давлатӣ 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи шонздаҳуми сарнавиштсози Шӯрои Олии Тоҷикистон қабул гардида, ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ моро ба сӯйи созандагию бунёдкорӣ ва саодату хушбахтӣ раҳнамун месозад. Аз ин ҷиҳат, Рӯзи Парчами давлатӣ, ки ҳамасола санаи 24-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, ҳамчун Рӯзи Истиқлолият, Иди Забон, Рӯзи қабули Конститутсия ва Рӯзи Президент аз ҷумлаи иду ҷашнвораҳои даврони соҳибистиқлолӣ буда, гувоҳи барҷастаи эҳтирому арҷгузории мардуми шарифи Тоҷикистон ба рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад. Бинобар ин, бо камоли эҳтиром ҳамаи шумо ва тамоми сокинони сарбаланди ноҳияро ба муносибати ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатию саодати зиндагӣ, файзу баракати рӯзгор, бахту иқболи баланд ва тамоми хушиҳои ҷаҳонро таманно дорам.

        Парчами миллӣ рамзи соҳибдавлатӣ, шуҷоату матонат, нангу номус, иқтидору иттиҳод, иродаи қавӣ ва рӯҳи матини мардуми тоҷик мебошад. Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, парчамбардори созандагию бунёдкорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад.

          Яъне Парчами давлатӣ сокинони кишвари моро дар майдони ободониву созандагии Ватан муттаҳид намуда, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии онҳоро тавсеаву тақвият мебахшад.

        Маҳз бо парафшонии ин рамзи муқаддас мо ҳоло пояҳои давлати соҳибистиқлоламонро таҳким бахшида, барои ба як мулки ободу пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош карда  истодаем”.

       Имсол таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ба айёме рост омадааст, ки то ҳанӯз дар кишвари маҳбубамон тантанаҳои Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ идома дошта, мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парчами шарафу ифтихор ва созандагию бунёдкориро баланд бардошта, барои фардои дурахшон аз сидқи дил заҳмат кашида истодааст. Аз ин рӯ, мову шуморо лозим аст, ки ҳар лаҳза бо шукргузорӣ аз соҳибдавлатию дастовардҳои замони Истиқлолият, эҳтироми рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллиро ба ҷой оварем.  Фарзандону пайвандони худро дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллию давлатӣ тарбия намоем. Ватани маҳбуби худро сидқан дӯст дорем ва дар пешрафту шукуфоии он саҳми шоиста гузорем. 

       Фарорасии Рӯзи Парчами давлатро бори дигар ба ҳамаи шумо – сокинони зафарманди ноҳия ва тамоми ҳамватанони азиз  шодбош  гуфта, бароятон ба қавли Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «сари ҳамчун парчам баланду рӯи чун парчам сурх, рӯзгори мисли парчам сабзу бахти чун парчам сафед орзу менамоям».

         Бигзор, ҳамеша Парчами давлатӣ – парчами фатҳу кушоиш ва саодату сарфарозии миллату давлати тоҷик парафшон бошад!

         Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бод, ҳамдиёрони азиз! 




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter