Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

МАСТЧОҲ: НАЗДИК БА 40% АҲОЛИИ НОҲИЯ БАР ЗИДДИ КОРОНАВИРУС ВАКСИНА ГИРИФТААНД

01.12.2021 14:38

 

Дар ноҳияи Мастчоҳ то имрӯз 30534 нафар вояи якум ва 24111 нафар вояи дуюми ваксина бар зидди бемории коронавирусро гирифтаанд, ки ин 39,7 % аҳолии қобили дарёфти ваксинаро дар ноҳия дарбар мегирад.

Дар ин бора Дилшод Гулов, директори Маркази иммунопрофилактикии ноҳияи Мастчоҳ ба рӯзномаи “Машъал” хабар дод.

Бино ба иттилои ӯ дар ноҳияи Мастчоҳ 76881 нафар қобили гирифтани ваксинаро доранд, ки аз ин теъдод наздик ба 18 ҳазор нафари он бо сабабҳои маълум ваксина гирифтан наметавонанд.

“Дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамарӯза аз 500 то 600 нафар сокинони ноҳия аз муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти худ бар зидди коронавирус ваксина гирифта истодаанд. Албатта, дар умум теъдоди ками аҳолӣ ваксина гирифтаанд. Сокинони ноҳия ё моҳияти ваксинаро намедонанд ва ё ҳанӯз ҳам ба ваксина назари манфӣ доранд, ки ин қобили қабул нест. Коршиносони соҳаи тиб, ягона роҳи муҳофизати худ ва наздикон аз беморие, ки метавонад боиси марг ё бад шудани вазъи саломатӣ муддати тӯлонӣ гардад, ваксина бар зидди бемории коронавирусро донистаанд. Ваксина бар зидди коронавирус иқтидори эҷоди масунияти доимӣ ба COVID-19-ро дорад”,- гуфт дар суҳбат Дилшод Гулов.

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18-сола болоро ҳатмӣ донист. 22 марти соли равон дар Тоҷикистон ваксиназании марҳилавӣ бар зидди COVID-19 оғоз ёфт. Ваксинатсия ягона роҳи наҷот аз бемории сироятии коронавирус маҳсуб мешавад.

Давр ҳоли ҳозир дар ноҳияи Мастчоҳ ваксинаҳои «AstraZeneca»-и истеҳсоли Ҳиндустон, «CoronaVac»-и чинӣ, «Moderna»-и амрикоӣ ва “Спутник”-и русӣ ба аҳолӣ қобили дастрас мебошанд.

Ваксина ба аҳолӣ ба тариқи ройгон гузаронида мешавад.

Фарҳод Ҷумъазода,

“Машъал”




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter