Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

МАСТЧОҲ: БЕШ АЗ 46 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ ДАР СОЛИ 2021

16.12.2021 18:40

 

Дар давоми соли 2021 дар ноҳияи Мастчоҳ 30 ҳодисаи фавқулода, 16 адад сухтор ва 9 садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки маблағи зарари он беш аз 46 миллион сомониро дарбар мегирад.

Дар ин бора имрӯз 16 декабр, сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Мастчоҳ майор Ҷамшед Кучаков дар ҷаласаи ҷамъбастии ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия, ки бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ва муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, полковник Ширин Собирзода баргузор гардид, иттилоъ дод.

Бино ба иттилои Ҷамшед Кучаков аз 9 адад садамаҳои нақлиётие, ки дар ҳудуди ноҳия рух додаанд, 6 нафар ҳалок гардида, 9 нафари ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. 3 нафари дигар бар асари ғарқшавӣ ба ҳалокат расидаанд.

“Бахши ноҳиявии ҳолатҳои фавқулода дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои хайриявӣ, аз ҷумла Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурх дар асоси барномаи “Амал дар асоси пешгӯӣ” ба 34 оилаи камбизоат ва беморон дар фасли тобистони имсол чатр, сарпӯш ва бодбезакҳои (вентилятор) электронӣ, инчунин обҳои нушокӣ кумак расонида шудааст. Мо тасмим дорем дар соли оянда дар доираи нақшаи кории ситод ба сокинони эҳтиёҷманди ноҳия ёрӣ расонем”,- иброз дошт Ҷамшед Кучаков.

Аъзам Ализода ба сар задани сухторҳо дар ҳудуди ноҳия ва ҳодисаи ахире, ки дар корхонаи пахтатозакунии “Музаффарк КО” рух дода буд, таваҷҷуҳ намуда, ба аъзои ситод ва масъулин  дастур дод, ки қоидаҳои бехатариро дар ҳудуди ҷамоатҳои худ таҳти назорати ҷиддӣ бигиранд.

Таъкид гардид, ки баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулода, садамаҳои нақлиётӣ, сухторҳо ва обхезиҳо минбаъд аз ҷониби аъзои ситод ва раисони ҷамоатҳои деҳот кушишҳо ба харҷ дода шавад.

Руқиямо Бобоева,

“Машъал”





Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter