Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

МАСТЧОҲ: ИНШООТИ ОБРАСОНӢ БА МАВСИМИ НАВИ ОБЁРИИ ЗАМИНҲО ОМОДА МЕШАВАНД

04.01.2022 12:57

 

Имрӯз, 3 январ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ба рафти корҳои омодасозии иншооти обрасонӣ, аз ҷумла канал ва пойгоҳҳои обкашии ноҳия аз наздик шинос шуда, барои беҳтари намудани обёрӣ ва беҳдошти заминҳо дар мавсими кишту кор ба масъулини дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Аъзам Ализода зимни боздид аз ҷараёни ҳашари дастаҷамъияе, ки барои тоза намудани ду паҳлуи канали “Тоҷикистон” – бузургтарин системаи обрасонии ноҳияи Мастчоҳ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Оббурдон ва Навбаҳор доир шуда буд, ба масъулин дастур дод, ки лой ва шағалрезаҳое, ки дар канали обрасонӣ ҷамъшудаанд, тоза намуда, хатҳои обрасониро ба мавсими нави обёрӣ ба пуррагӣ омода созанд.

Канали “Тоҷикистон” (пештар “Тоҷикистони советӣ”) ягона бузургтарин шабакаи обрасонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ маҳсуб мешавад, ки "Тоҷикистони Советӣ", ки 43, 6 км дарозӣ дорад. 

Канали "Тоҷикистони советӣ" охирҳои солҳои 50-уми асри гузашта бунёд гардида, ғунҷоиши обгузаронии он 44 ҳазор метр куб дар як сония мебошад.

Бино ба иттилои Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Мастчоҳ дар давоми соли 2021 76 адад дастгоҳҳоои обкашӣ, 28 км каналҳои обрасонӣ, 7,8 км заҳбуру заҳкашҳо ва дигар иншоотҳои гидротехникӣ ба мавсими обёрӣ омода ва фаъолияти мунтазами онҳо таъмин гардидаанд.

Бино ба иттилои ин ниҳод дар соли сипаришуда барои кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ дар ҳаҷми 81866 млн. м3 бо арзиши 1 млн. 637 ҳазор сомонӣ хизмати обрасонӣ ба иҷро расонида шудааст.

Дафтари матбуотии

Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter