Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

КОНФЕРЕНСИЯИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ НОМЗАДИИ АЪЗАМ АЛИЗОДАРО БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ ДАР ИНТИХОБОТИ МИЁНАДАВРӢ ПЕШБАРӢ НАМУД

12.01.2022 17:57

 

Дар Конференсияи ғайринавбатии 23-уми КИ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ, ки имрӯз 12 январ дар маҷлисгоҳи ҳукумати ноҳия бо иштироки аъзои кумиҷроияи ин ҳизб баргузор гардид, номзадии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ аз ҳавзаи “Тутзор”, №37 ба ҷои вакили хориҷшуда пешбарӣ гардид.

Ваколати вакилии номзад аз ҳавзаи мазкур 30 декабри соли 2021 дар Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ, даъвати шашум аз сӯи вакилон бо розигии худи вакил Холбеков Шакат Уралович пеш аз муҳлат қатъ гардида, дар ин ҳавза интихоботи миёнадаврӣ эълон шуда буд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ зимни пешбарии Аъзам Ализода номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи “Тутзор”, №37 ташаббусҳои беназири иҷрокукандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳро дар самти беҳбудсозии соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва кишоварзӣ, инчунин  паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба назар гирифта, таъкид намуданд, ки Аъзам Ализода бо баробари таъйин гардидан ба вазифаи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ ба соҳаҳои маориф ва тандурустию кишоварзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт то ба имрӯз якчанд корҳои муҳимеро ба сомон расонидааст.

Зикр гардид, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Аъзам Ализода ба муассисаҳои таълимии ноҳия ноутбукҳои замонавӣ, ба кӯдакистонҳо бистару болиш, ба хобгоҳи духтаронаи Колеҷи омӯзгорӣ катҳои нав дастрас гардида, барои таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ дастгоҳҳои тиббӣ корбарӣ рафта истодааст.

Аъзои кумиҷроияи ҳизб номзадии Аъзам Ализодаро ба вакилӣ ҷонибдорӣ намуда,  якдилона барои пешбарии номзад ба вакилӣ аз ҳавзаи “Тутзор”, 37 овоз доданд.

27 феврали соли 2022 дар ҳавзаи “Тутзор”, №37 барои интихоби вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ интихоботи миёнадаврӣ баргузор мегардад.

Ализода Аъзам Наврӯз 29 октябри соли 1982 дар деҳаи Арсовити Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ таваллуд шудааст. Таҳсилоти миёнаи умумиро дар МТМУ №26-и ноҳия гирифта, ин боргоҳро соли 1999 хатм менамояд. Пас аз хатми мактаби мазкур ҳамон сол ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шомил гашта, онро соли 2004 аз рӯи ихтисоси молия ва қарз ба поён мерасонад.

Фаъолияти кориро солҳои 2003-2004 дар ҶДММ “СТБ-Инвестбонк”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба сифати мутахассис оғоз намуда, баъдан солҳои 2004-2005 дар ин корхона ба ҳайси сардори шуъбаи асъор адои вазифа намудааст.

Солҳои 2005-2010 дар ҶСК “Аввалин бонки молиявии хурд” дар шаҳри Хуҷанд ба ҳайси корманди қарздиҳӣ кор кардааст.

Солҳои 2010-2016 сардори маркази хизматрасонии бонкии “Миллениум” буда, баъдан солҳои 2016-2018 вазифаи муовинии директор оид ба корҳои молиявии ҶДММ “Истиқлол ва КО” дар шаҳри Хуҷандро ба дӯш доштааст.

Аз соли 2018 то 17 ноябри соли 2021 сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд буд. 

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 17 ноябри соли 2021, №293 Ализода Аъзам Наврӯз ба вазифаи иҷрокунандаи раиси ноҳияи Мастчоҳ таъйин карда шуд.

Дафтари матбуотии
Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter