Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ НУКТАҲОИ ПАЁМ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ПАЛДОРАК

14.01.2022 15:22

 

Имрӯз, 14 январ дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии гуруҳи тарғиботӣ доир ба самтҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ Эркаев Сафар - дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ҳамзамон иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайёд Ашӯров - докторанти Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд ба номи Муҳаммад Осимӣ, Орзугул Шарифова - вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Мавлудахон Баҳруддинзода - муовини озоди Раиси Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Садорат Сафарова - вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ, фаъолон ва сокинони ҷамоати мазкур иштирок доштанд.

Гуруҳи кории тарғиботӣ зимни маърузаҳои пурмуҳтавои худ нуктаҳои муҳими Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки санаи 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, шарҳу тавзеҳ доданд.

Таъкид гардид, ки Паёми имсолаи Президенти кишвар бештар ба  пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҷавонон нигаронида шуда, он чун дастури муҳим ва раҳнамунсоз барои ҳар як сокини кишвар маҳсуб мешавад.

Дар ҷараёни ин вохӯрӣ аз ҷониби гуруҳи тарғиботӣ ҳамчунин доир ба беҳтар намудани вазъи беморхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, роҳҳо, кашидани хатҳои оби нӯшокӣ ва барқ ба маҳаллаҳои навбунёд, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, хушунат ва зӯроварӣ дар оила, инчунин зери назорат гирифтани муҳоҷирони меҳнатии дар хориҷи кишвар буда, ҷалби занону бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ ва вазифаҳои роҳбарикунанда, ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсилот фикру андешаҳо иброз ва таҳлилу баррасӣ гардиданд.


Руқиямоҳ Бобоева,

“Машъал”




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter