Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

БА БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ БЕШ АЗ 60 НОМГӮИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ ВОРИД ШУД

18.01.2022 16:09

 

Бо дастгириии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло ба Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ беш аз 60 номгӯи таҷҳизот, доруворӣ ва дигар воситаҳо барои муоилаҷаи беморон ворид гардид.

Имрӯз, 17 январ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода аз Беморхонаи марказии ноҳия дидан карда, шахсан бо таҷҳизоти воридшуда аз наздик шинос шуд.

Гуфта мешавад таҷҳизоти ворид шуда, аз қабили дастгоҳи Сипап, монитори назди кати бемор – 2 адад, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ – 2 адад, занбар барои интиқоли беморон, аробачаи маъюбӣ, чароғ барои ҷарроҳӣ ва даҳҳо номгӯи таҷҳизоти табобатӣ  мебошанд, ки нисбат ба дастгоҳҳои пешин бартарии зиёд доранд.

Аъзам Ализода ҳангоми азназаргузаронии таҷҳизот таъкид дошт, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ сол аз сол рушд ёфта, ба муассисаҳои тиббӣ таҷҳизоти наву замонавӣ ворид гардида истодааст.

Зимни суҳбат бо табибон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия изҳор доштанд, ки ҷиҳати пешгирӣ ва муолиҷаи саривақтии беморон диққати махсус зоҳир намуда, сатҳи хизматрасониро боз ҳам баланд бардоранд.

Дар як навбат табибон ба мақомоти иҷроия ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои дастгирӣ ва муҷаҳҳазгардонии беморхона бо таҳҳизоти наву замонавӣ изҳори сипосу миннатдории худро баён намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ



Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter