Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

САДА – ҶАШНИ НУРАФШОН ВА ДУРДОНАИ ФАРҲАНГИ НИЁГОН

26.01.2022 11:22

 

Паёми шодбошии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бахшида ба таҷлили Иди Сада

         Ҳамдиёрони азиз!

 Фарорасии яке аз ҷашнҳои фархундаи ниёгон – Иди Садаро бо камоли шодию ифтихор ба ҳамаи шумо ва тамоми сокинони мамлакат аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шахсан аз номи худам табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатию хушбахтӣ, баракати умр, бахту толеи баланд, файзу иқболи зиндагиро орзумандам.

        Ҷашни Сада аз ҷумлаи идҳои бостонию хуҷастаи аҷдодони тамаддунофарамон мебошад, ки дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё шуда, ҳар сол даҳаи охири моҳи январ таҷлил карда мешавад

       Вобаста ба моҳияти созандаи Иди Сада ва рамзу рози таҷлили он Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Сада аз ҷумлаи чунин ҷашнҳои бостонии мо мебошад, ки дар аҳди қадим, махсусан, замони Сомониён бо шукӯҳу шаҳомати хос истиқбол мегардид ва дар даврони соҳибистиқлолӣ аз нав эҳё гардида, дар саросари кишвар баргузор мешавад.

       Дар айёми таҷлили ин ҷашн мардум шодиву хурсандӣ карда, анъанаҳои неки халқамонро такмил мебахшанд ва фарҳанги миллии тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ месозанд.

     Ҷашни Сада, дарвоқеъ, таҷассуми ғояҳои неки башардӯстона буда, мардумро ба дӯстиву бародарӣ ва заҳмату ободкорӣ даъват менамояд.

      Ин ойини нек муждарасони сипарӣ шудани зимистон, наздик омадани фасли баҳор ва фарорасии Наврӯз мебошад ва тибқи тақвими халқии тоҷикӣ пас аз анҷоми чиллаи калон баргузор мешавад.

       Пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ моҳияту фалсафаи ин ҷашнро ташкил медиҳад.

        Сада, ҳамчунин, паёме аз ихтирои бузурги инсоният – оташ мебошад. Тибқи асотири бостонии ориёӣ оташ аз ҷониби Ҳушанг – шоҳи дувуми сулолаи Пешдодиён кашф гардида, ҷашни Сада ба ин муносибат таъсис ёфтааст.

        Тавлиди оташ рамзи идомаи ҳаёт мебошад, зеро он яке аз чаҳор унсури офариниши ҳастӣ дар радифи об, ҳаво ва хок маҳсуб меёбад».

        Воқеан, ҷашни Сада ба сифати дурдонаи дурахшону гаронбаҳои фарҳангу тамаддуни миллӣ ва маҳсули хиради волои ниёгонамон то замони мо расидааст. 

        Имрӯз, дар даврони Истиқлолият таҷлили пуршукӯҳи Иди Сада баҳри тарбияи ватандӯстӣ ва ифтихори ватандории сокинони кишвари соҳибистиқлоламон, аз ҷумла наврасону ҷавонон ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Чунки дӯст доштани Ватан, саъю талоши пайваста барои сабзу хуррам гардонидани он, некию накӯкорӣ, сулҳу ваҳдат, ҳамдилӣ ва рафоқату самимият моҳияти аслӣ ва ҷавҳари созандаи Иди Садаро ташкил медиҳад.

       Итминони комил дорам, бо шукргузорӣ аз таҷлили ҷашни Сада сокинони сарбаланди ноҳияи Мастчоҳ ва тамоми шаҳрвандони мамлакат ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, махсусан амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи эълони “Солҳои 2022-2026-солҳои рушди саноат”, мусоидат баҳри вусъати пешрафти соҳаҳои илму маориф, тарбияи шоистаи фарзанд, ҳифзи саломатии аҳолӣ, авҷи раванди созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ  тамоми саъю кӯшиши худро равона менамоянд. Дар ин раванд, кишоварзон ва тамоми сокинони ноҳия баҳри омодагӣ ба корҳои саҳроӣ, вусъати маъракаи ниҳолшинонӣ ва сарсабзу зебо гардонидани хонаву кошона ва кўчаву маҳаллаҳо эътибори хосса зоҳир намуда, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани диёри пурфайзи худ пайваста талош меварзанд.

      Бори дигар  фарорасии ҷашни фархундаи ниёгон – Иди Садаро ба ҳамаи Шумо ва тамоми сокинони ноҳия табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳатию умри дароз ва бахту иқболи баландро таманно дорам.

         Иди Сада – ҷашни нуру гармӣ ва оташи ишқи Ватан фархунда бошад, ҳамдиёрони азиз!




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter