Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ТАҶЛИЛИ БО ШУКУҲИ ИДИ САДА

28.01.2022 13:20

 

26 январ дар  ноҳияи Мастчоҳ Иди Сада бо шукўҳу шаҳомати
хоса таҷлил гардид.

Дар таҷлили ин ҷашни ниёгон, ки бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси
ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода дар назди Боғи фарҳангӣ ва фароғатии
“Тоҷикистон”-и шаҳраки Бӯстон баргузор гардид, сокинони ноҳия маҳсулоти
кишоварзӣ, дастидўзиҳо, дастсохт ва асбобҳои рўзгордориву кишоварзӣ, хўрокҳои
милливу маҳаллӣ ва техникаҳои соҳаи кишоварзӣ ба маърази тамошо гузоштанд.

Аъзам Ализода аз
намоиши маҳсулоти ба намоишгузоштаи сокинон ва кишоварзон боздид намуда, ба
дарстранҷи онҳо баҳои баланд дод ва  ба
масъулин ҷиҳати парвариши навъҳои гуногуни маҳсулоти худӣ ва густариши ҳунарҳои
мардумӣ дастуру вазифагузориҳо намуд.

Баъдан иҷрокунандаи
вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода сокинони ноҳияро ба ин ҷашни
фархундаи ниёгон – Иди Сада табрик намуда, зикр кард, ки ҷ
ашни Сада таҷассуми ғояҳои неки башардӯстона буда,
мардумро ба дӯстиву бародарӣ ва заҳмату ободкорӣ даъват менамояд.

Воқеан,
ҷашни Сада ба сифати дурдонаи дурахшону гаронбаҳои фарҳангу тамаддуни миллӣ ва
маҳсули хиради волои ниёгонамон то замони мо расидааст. Имрӯз, дар даврони
Истиқлолият таҷлили пуршукӯҳи Иди Сада баҳри тарбияи ватандӯстӣ ва ифтихори
ватандории сокинони кишвари соҳибистиқлоламон, аз ҷумла наврасону ҷавонон
ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Чунки дӯст доштани Ватан, саъю талоши пайваста
барои сабзу хуррам гардонидани он, некию накӯкорӣ, сулҳу ваҳдат, ҳамдилӣ ва
рафоқату самимият моҳияти аслӣ ва ҷавҳари созандаи Иди Садаро ташкил
медиҳад”,-иброз дошт иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Аъзам Ализода.

Аъзам Ализода дар
поёни суханронӣ ба сокинони ноҳия барои омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ барору
комёбиҳо таманно намуд.

                                                                                            

Дафтари матбуоти





















Раиси ноҳияи Мастчоҳ



Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter