Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

АЪЗАМ АЛИЗОДА: БА РУШДИ САНОАТ ДИҚҚАТИ МАХСУС МЕДИҲЕМ

03.02.2022 19:03

 

Имрӯз, 3 феврал тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода нишасти матбуотии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода баргузор гардид, ки дар он намояндагони расонаҳои хориҷиву ватанӣ иштирок доштанд. 

Нахуст Аъзам Ализода доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Мастчоҳ дар соли 2021 муълумот дода, афзуд ки сокинони ноҳия дар ин самт дар соли сипаригардида ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. 

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия бо таваҷҷуҳ ба рушди саноат, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ гуфт, ки корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ дар соли 2021 ба маблағи 298 млн. 862 ҳазору 800 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 78 млн. 101 ҳазору 700 сомонӣ зиёд буда, 135,4 фоизро дарбар мегирад.

Таъкид карда шуд, ки ҳукумати ноҳия ба рушди саноат ҳамеша диққати махсус дода, барои ташкили корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

“Дар соли 2021 корхонаҳои саноатии ноҳия дар шакли асл 127,2 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 779,9 тонна маҳсулоти ширӣ, маҳсулотҳо аз чўб ва халтаҳои полиэтиленӣ истеҳсол намудаанд. Мо дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақша дорем дар давоми Солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар ноҳия корхона ва коргоҳҳои нав бунёд намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро боз ҳам баланд бардорем.”,- гуфт Аъзам Ализода.

Дар ноҳияи Мастчоҳ дар ҳоли ҳозир беш аз 30 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ фаъолият мебаранд, ки дар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ саҳми назаррас доранд. 

Дар давоми соли 2021 дар ноҳия 4 адад коргоҳи саноатӣ ташкил ва беш аз 40 ҷойи кори таъсис дода шудааст.

Дар нишаст ҳамчунин рӯзноманигорон доир ба соҳаи кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, муроҷиатҳои шаҳрвандон, вазъи ҷинояткорӣ ва қонуншиканиҳо ва корхонаҳои пахтатозакунӣ суолҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ





Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter