Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

МАСТЧОҲ. РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАСТУР ГИРИФТАНД, КИ ДАР ДАҲРӮЗАИ АВВАЛ НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРИРО БА ИҶРО РАСОНАНД

11.02.2022 15:40

 

Дар ҷаласаи корие, ки имрӯз 11 феврал таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид, ба раисони шаҳраку ҷамоатҳо дастур дода шуд, ки  дар даҳрӯзаи аввал нақшаи маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбиро ба иҷро расонанд.

   Аъзам Ализода зимни таҳлили шаҳраку ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ба масъулин супориш дод, ки дар маъракаи даъвати баҳорӣ ба камбудиву кашолкориҳо роҳ надиҳанд.

 “Мо маъракаи даъвати тирамоҳии соли сипаригардидаро таҳлил карда баромадем ва дидем, ки баъзе аз шахсони масъул ба хунукназариҳо роҳ додаанд. Дар даъвати баҳорӣ набояд он камбудиҳо такрор шаванд. Мо гуруҳи корӣ ташкил кардем ва шахсони мутасаддиро вобаста мекунем, ки ҳамарӯза то оғози маъракаи даъват кор кунанд. Мо бояд дар даҳрӯзаи аввал нақшаи даъватро ба иҷро расонем. Ҳар касе ба хунукназарӣ роҳ диҳад, нисбаташ чораҳои қатъӣ андешида мешавад”, - иброз дошт иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Аъзам Ализода.

Аъзам Ализода ҳамчунин аз фаъолияти баъзе аз раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия зимни маъракаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ изҳори нигаронӣ намуда, таъкид кард, ки ба хунукназарӣ роҳ медиҳанд ва аз уҳдаи масъулияти ба дӯшашон вогузошта шуда баромада наметавонанд. 

Дар робита ба ин масъала раисони ҷамоатҳои деҳот вазифадор шуданд, ки аз ҳоло корбариро дар ин самт ҷоннок намуда, корҳои ташвиқотию тарғиботиро ба роҳ монанд.

Дар ҷаласа ҳамчунин аз ҷониби прокурор, сардори ШВКД ва комиссари ноҳия доир ба саркашии ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ, роҳҳои ҷалби ҷавонони ихтиёрӣ ба хидмат ва дигар масъалаҳои марбут ба даъват таклифу пешниҳодҳо карда шуд. Зикр гардид, ки дар сурати саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, монеагӣ ба сафарбарӣ ва аз ҷониби падару модарон нагирифтани даъватнома дар доираи талаботҳои қонун ҷораҳои дахлдор андешида мешавад.

Дафтари матбуоти 

Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter