Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

МОДАР - МУҚАДДАСТАРИН МАВҶУДИ ОЛАМ ВА ХУРШЕДИ МУҲАББАТУ САДОҚАТ Паёми табрикотии иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бахшида ба Рӯзи Модар

05.03.2022 16:13

 

Модарону бонувони азиз!

Хоҳарони арҷманд!

Бо камоли самимият фарорасии иди фархундаи бонувон – Рӯзи Модарро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам ба ҳамаи Шумо ва тамоми занону модарони сарбаланди ноҳия табрику муборакбод гуфта, бароятон пеш аз ҳама саломатию умри дароз, ризқи фароз, бахту саодат, файзу баракат ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзумандам.

Таманнои онро дорам, ки Шумо – модарону бонувон ва хоҳарони азиз доимо дар зиндагӣ дилшоду хуррам ва чун гулҳои баҳорӣ хандону шукуфон бошед. 

Аз файзи Истиқлолият ва бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ҳамасола Рӯзи Модар  дар мамлакат ҳамчун ҷашни қадршиносӣ ва эҳтиром ба муқаддастарин мавҷуди рӯйи ҷаҳон Зан – Модар таҷлил карда мешавад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷойгоҳи баланди занону модарон чунин таъкид намудаанд: «Модар ягона мавҷуди мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубонест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ба ӯ сухан гуфтану роҳ рафтанро ёд медиҳад, ӯро тарбия мекунад ва дар раванди тарбия дар қалби фарзанди худ эҳсоси муҳаббату самимият, некиву накӯкорӣ ва инсондӯстиро ба вуҷуд меоварад, барои босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шудани нури чашмонаш саъю талош менамояд.

Яъне модар барои ташаккули маънавии фарзанд шабонарӯз заҳмат мекашад, тамоми умри худро бо ғаму шодии ӯ сипарӣ менамояд ва ҳамеша дар орзуи хушбахтии фарзандаш аст.

Модар то вақте, ки дар қайди ҳаёт аст, фарзанд барояш мисли ҳамон тифлаки азизу ширини дирӯза аст, ӯро навозишу эҳтиёт мекунад ва ҳаргиз намехоҳад, ки доғи фарзандашро бинад.

Ба ибораи дигар, модар фарзанди худро бо тамоми вуҷудаш дӯст медорад, зеро фарзанд маънои ҳастии ӯ ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ, модар барои ҳар як шахс ниҳоят азизу гиромӣ ва муқаддастарин инсон мебошад».

         Дар Тоҷикистони азизи мо бо ҳидояту меҳрубониҳои

 Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати давлатӣ муқаррар гардидааст. Ҳанӯз аз 3-юми декабри соли 1999 Фармони “Дар бораи баланд бардоштани  мақоми зан  дар ҷомеа” қабул карда шуд, ки дар партави татбиқи он барои иштироки фаъолонаи занону модарон дар идораи давлат ва тақвияти нақши созандаи  онҳо дар пешрафти тамоми  соҳаҳо шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам гардид.

        Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷойгоҳи баланд ва мақчунин таъкид намуданд: “Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад.

        Тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд.

        Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд.

        Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд.

        Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.

        Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад”.

       Боиси ифтихору сарфарозии мо ва тамоми сокинони ноҳия аст, ки модарону бонувони Мастчоҳ ба мисли тамоми занону модарони мамлакат дар пешрафту ободии Ватан саҳми бузургу шоистаи худро мегузоранд. Занону модарон ва хоҳарону духтарони ноҳия бо маҳорату малоҳат, ғайрату шуҷоат, садоқату иффат ва нангу номуси баланди худ барои ободии диёр ва фардои дурахшони Ватан софдилона заҳмат мекашанд. Ҳамон тавре, ки шаш сол қабл, моҳи марти соли 2016 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармуда буданд: «Мардони Мастчоҳ ҳамеша бо номуси диёрдорӣ ва ғурури кӯҳистонии худ ифтихор мекунанд. Ва бояд гуфт, ки чунин ғуруру ифтихор, албатта, аз дили поку нияти нек ва нангу номуси занони Мастчоҳ сарчашма мегирад.

        Зеро фарзанди боғайратро модари покдилу боҳиммат ба дунё меорад».

         Бори дигар ҳамаи Шумо–бонувону модарони иззатмандро ба шарафи Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори хушу осуда орзумандам.

        Ҷашн муборак бошад, модарону хоҳарони азиз!


 

         

 

                 






Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter