Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

АЁДАТИ ЗАНОНИ СОБИҚАДОРИ НОҲИЯ

07.03.2022 12:55

 

5 март иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бо намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Суҳроб Рустамзода занони собиқадори ноҳияро, ки солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намуда, дар пешрафти ҷомеа саҳми шоиста гузоштаанд, аёдат карда, онҳоро аз номи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳукумати ноҳия ба муносибати Рӯзи Модар табрик намуданд.

Зимни аёдат Аъзам Ализода аз меҳнати содиқонаву софдилонаи занони собиқадори ноҳия, аз ҷумла Хосият Сафарова, собиқ раиси Ҷамоати шаҳраки Бӯстон, омӯзгори пуртаҷриба Соня Кузяева ва собиқадорони меҳнат - Ҳуснӣ Ҳидоева ва Озода Ҷумаева ёдовар шуда, саҳми онҳоро дар пешрафти ҷомеа ва тарбияву раҳнамоии насли наврас басо арзишманд хонд. Таъкид карда шуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ ва бонкдорӣ низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.

Занони собиқадор аз ин таваҷҷуҳу ғамхориҳои роҳбарияти давлату Ҳукумат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси ноҳия Аъзам Ализода изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, изҳор доштанд, ки барои ҳидояту раҳнамоии насли ҷавон ва тарбияи онҳо дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ тамоми саъю талоши худро равона хоҳанд кард.

Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ





Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter