Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

АЪЗАМ АЛИЗОДА: НАВРӮЗ ҶАШНИ ВАҲДАТУ САРҶАМЪИИ ИНСОНИЯТ ВА ОМИЛИ ТАҚВИЯТДИҲАНДАИ ИФТИХОРИ МИЛЛИИ МО МЕБОШАД

24.03.2022 11:00

 

Имрӯз, 21 марти соли 2022 сокинони ноҳияи Мастчоҳ Наврӯзи хуҷастапайро бо шукргузори аз файзу баракати истиқлол ва нозу неъмати фаровони наврӯзӣ пуршукуҳу шаҳомат ҷашн гирифтанд.

Наврӯзи оламафрӯз дар бинои Қасри навбунёди фарҳанги ноҳия таҷлил гардид.

Дар ду тарафи даромадгоҳи қаср маҳсули дастпухти бонувони ноҳия: нону фатир ва кулчаю қалмол, дастархони наврӯзии ташкилоту муассисаҳо ва ҳафтхону ҳафтшини кӯдакистонҳо ороста гардида, ба қабули меҳмонон омода буд. 

Ба табрики сокинони ноҳия сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, муовини ҳокими ноҳияи Бӯкаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Тимурбек Нуриддинов ташриф оварда буданд.

Нахуст Илҳомҷон Оймуҳаммадзода сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  сокинони ноҳияро аз номи Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику муборак бод намуда, афзуд, ки бо ташкили корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳия ин ба таҳкими муттаҳидӣ, дӯстӣ ва ягонагӣ дар байни сокинон ва баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳии онҳо мусоидат менамояд.

“Аз Наврӯз то Наврӯз дар тамоми маҳаллаву деҳаҳои ноҳия корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва азнавсозии иншооти ҷашнӣ ҷараён гирифтааст. Дар соли ҷашнӣ дар ноҳия даҳҳо иншооти иҷтимоӣ ва корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардиданд, ки натиҷаи ин заҳмати мардуми сарбаланди Мастчоҳ мебошад. Бо умеду боварӣ гуфта метавонем, ки мардуми шарафманди Мастчоҳ ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатиро низ бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд”,-иброз дошт зимни суханронӣ Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.

Сипас, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро қироат намуда, таъкид дошт, ки ҷавҳари таърихиву фарҳангии ҷашни Наврӯзро саодату пирӯзии аҳли башар ташкил дода, дар тӯли қарнҳои зиёд инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд. Аз ҳамин лиҳоз, ин падидаи асили фарҳанги миллӣ дар ягон давру замон куҳнашавиро напазируфта, ҳамқадаму ҳамқисмати мардуми мо боқӣ мондааст.

“Наврӯзи имсола дар кишвари мо дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон таҷлил гардида, барои боз ҳам бештар тақвият пазируфтани ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоду ягонагӣ  мусоидат хоҳад кард. Аз ин лиҳоз, мо сокинони вилоятро зарур аст, ки таҳти раҳнамоиҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву бунёдкориро барои истиқболи арзандаи ин ҷашни воқеан таърихӣ ва сарнавиштсоз вусъат бахшем, иҷрои нияту нақшаҳои созандаамонро таъмин намоем ва шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дар маҷмӯъ, кишвари азизамонро боз ҳам обод созем”,-илова намуд зимни суханронӣ Зайнура Азимӣ.

Баъдан муовини ҳокими ноҳияи Бӯкаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Тимурбек Нуриддинов номаи табрикии ҳокими ин ноҳияро ба самъи сокинони ноҳия расонида, таъкид намуд, ки фалсафаи Наврӯз дӯстию ҳамдилӣ ва ягонагӣ мебошад.

“Таърих гувоҳ аст, ки ин ҷашни Наврӯз рамзи дӯстии халқҳои мо, арзишҳои миллии халқҳои бародари тоҷику ӯзбек мебошад. Аз он ки раиси ноҳияи Мастчоҳ моро ба ин ҷашн даъват карданд, бисёр шод шудем. Ҳокими ноҳияи мо бо ихлосу иродатмандӣ мардуми ноҳияи Мастчоҳро ба ин ҷашни хуҷастапай табрику муборакбод менамояд”,-зикр намуд Тимурбек Нуриддинов.

Сипас раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ташрифи меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки Наврӯз на танҳо ҷашни оғози сол ва эҳёи табиат, балки таконбахши андешаи таҳаммулгароӣ, ваҳдату сарҷамъии инсоният ва дар айни замон омили тақвиятдиҳандаи ифтихори миллии мо мебошад.

“Кору пайкори созанда ва меҳнати суботкорона ба истиқболи ҷашнҳои фархунда ҳаёту зиндагии моро бо ҳам пурсаодат ва кишвари маҳбубамонро ободу зебо ва пешрафта мегардонад. Бо назардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон ҳамаи мо масъул ва вазифадор ҳастем, ки барои ҳифзу оромӣ, сулҳу субот ва амнияту ваҳдати миллӣ аз сидқи дил саҳми шоистаи худро гузорем”,- афзуд зимни ироаи номаи табрикӣ Аъзам Ализода.

Пас аз анҷоми суханрониҳо сарояндаҳои шинохтаи кишвар – Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, сарояндаи нотакрор Муродбеки Насриддин, Ҳанарпешаи халқии Тоҷикистон, овозхони маҳбуби дили ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ Лола Азизова, Донишманд Қутбиддинов, Зулайхо Маҳмадшоева ва Рустам Исоев бо суруду таронаҳои ҷаззобу дилнишини худ табъи иштирокдоронро болида гардонида, Наврӯзро шукӯҳу шаҳомати хоса бахшиданд.

Дафтари матбуоти

Раиси ноҳия 




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter