Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

МАСТЧОҲ. МУОВИНИ САРВАЗИР МАТЛУБАХОН САТТОРИЁН АЗ МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ, МАОРИФ ВА ФАРҲАНГӢ ДИДАН КАРД

07.04.2022 14:12

 

6 апрел муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Матлубахон Сатториён ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, аз муассисаҳои тандурустӣ, маориф ва фарҳангӣ дидан намуда, бо шароити хизматрасонӣ, таълиму тарбия ва баланд бардоштани маънавиёти мардум аз наздик шинос шуд.

Зимни боздид муовини сарвазир аз муассисаи таълимии №26 ва Маркази саломатии деҳоти Оббурдон бо омӯзгорон ва табибон ҳамсуҳбат шуда, доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омӯзиши фанҳои дақиқ, забономӯзӣ, таъминот бо китобҳои дарсӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, махсусан дар деҳот дастур ва маслиҳатҳои муфид дод.

Зикр карда шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон соҳаи маориф ва тандурустиро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дониста, бо дастгирии пайвастаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳот сол аз сол бунёди як қатор муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ ба роҳ монда шуда, бо ин мақсад хизматрасонии таббӣ ба аҳолӣ ва шароити таълиму тарбия беҳтар гардида истодааст.

Дар ҷараёни ин ташриф Матлубахон Сатториён ҳамчунин аз китобхонаи филиали №2-и ҷамоати деҳоти Мастчоҳ дидан намуда, бо шароити хизматрасонии ин муассисаи фарҳангӣ шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки пас аз эълон гардидани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” таваҷҷуҳи аҳолӣ ба хондани китоб бештар гардида, муштариёни китобхона нисбати панҷ соли каблӣ ба маротиб афзудааст.

Матлубахон Сатториён бо таваҷҷуҳ ба баланд бардоштани маънавиёт мардум ба масъулини соҳа дастур дод, ки барои афзун намудани шумораи китобҳои бадеӣ ва адабиёти ҷаҳон тадбирҳои амалӣ андешида, аҳолиро ба китобхони ҷалб намоянд.

Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ



Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter