Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

БАРГУЗОРИИ МАШВАРАТИ КОРИИ РАИСИ НОҲИЯ

19.04.2022 10:05

 

18 апрел соли равон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ машварати кории раиси ноҳия Аъзам Ализода баргузор гардид.

Дар машварат муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот ва фаъолон иштирок доштанд.

Раиси ноҳия Аъзам Ализода дар оғози машварат доир ба сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, ки аз санаи 14 то 17 апрели соли равон идома ёфт, сухан ронда, иброз дошт, ки зимни сафари кории Пешвои миллат дар шаҳру навоҳии вилоят як чанд иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Сипас муовини аввали раиси ноҳия Муллосоқӣ Атовуллозода доир ба рафти даъвати ҳарбӣ ҳисобот дода, афзуд ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар ҳудуди ноҳия муташаккилона ҷараён дошта, гуруҳҳои корӣ ба ҷамоатҳои сафарбар гардидаанд.

Раиси ноҳия Аъзам Ализода вобаста ба иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ аз раисони шаҳраку ҷамоатҳо пурсиш гузаронда, супориш дод, ки нақшаҳои ба зиммаашон вогузошташударо пеш аз муҳлати муайяншуда ба иҷро расонанд. Раисони маҳаллаҳои ҷамоатҳои деҳот низ муваззаф гардиданд, ки дар ҳудуди маҳаллаҳои истиқоматии худ корбариро дар ин самт ҷоннок намоянд.

Дар идомаи машвари корӣ раиси ноҳия ҳамчунин доир ба рафти кишти зироатҳо, аз ҷумла кишти пунбадона, истифодаи оқилонаю самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ таваҷҷуҳ намуд.

Нарзулло Боймирзоев, сардори Раёсати кишоварзии ноҳия оид ба ин масъала ҳисобот дода, зикр намуд, ки кишти  пунбадона дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ бо маром идома дошта, кишоварзон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки нақшаи дурнамои киштро ба иҷро расонанд.

Ҳамчунин раиси ноҳия Аъзам Ализода доир ба рушди моҳипарварӣ, пиллапарварӣ, фаъолияти гармхонаҳо ва таъмини бозорҳои худӣ бо маҳсулоти тозаи кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба масъулин дарстур дод, ки корро дар ин самт тақвият бахшанд.

Дар идомаи машварати корӣ раиси ноҳия ҳамчунин ба роҳбарони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, бахши кор бо занон, ҷавонон ва варзиш, хоҷагии об, коммуналӣ ва ҳифзи муҳити зист дастуру супоришҳо дод, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар муҳлати муайян бартараф намоянд.

Дафтари матбуоти 

Раиси ноҳияи Мастчоҳ





Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter