21 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дода, бо раванди корҳои ободонию созандагӣ шинос гардид.

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ АЪЗАМ АЛИЗОДА БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА

14.05.2022 06:52

 

Ҳамдиёрони азиз!

Падару модарони арҷманд!

           Ҳар сол дар тамоми ҷаҳон санаи 15-уми май ҳамчуни Рӯзи байналмиллалии оила ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили ин санаи фархунда аҳамияти баланди маънавию фарҳангӣ ва созандагию бунёдкорӣ дорад. Зеро оила ба сифати рукни табиӣ ва асосу бунёди ҷомеа, сарчашмаи саодати зиндагӣ ва бахту иқболи мардум маҳсуб меёбад. 

          Бинобар ин, бо камоли эҳтиром  ҳар яки шумо ва тамоми сокинони ноҳияро ба фарорасии Рӯзи байналмиллалии оила аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон пеш аз ҳама саломатию саодати зиндагӣ, ба фарзандону пайвандон ва аҳли хонаводаатон бахту иқболи баланд, умри дарозу ризқи фароз ва тамоми шодию нишоти зиндагиро таманно дорам.

        Тавре, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд”.

      Воқеан, ташкили хонавода аз ҷумлаи ҳуқуқҳои фитрии шаҳрвандон буда, маҳз оилаи солим асоси рушду камоли шахсият ва қудрату пешрафти ҳар як миллату давлат ба шумор меравад. Чунки камолоти ҷисмонию маънавӣ, ташаккули ҷаҳонбинии ҳар як шахс аз оила сарчашма мегирад. 

      Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Агар фарзандони мо дар оила тарбияи солим ва одобу ахлоқи ҳамида гиранд, ба қадри калонсолон, ба қадри падару модар, ба қадри Ватан ва меҳнати ҳалол расиданро омӯзанд, ҷамъият аз ин бурд мекунад. Миллат низ соҳиби як фарди бедордилу ватандӯст мегардад, давлат бошад дар симои фарзандони мо аъзои фаъоли ҷомеаро муттаҳид намуда, ҳадафҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро амалӣ месозад”. 

      Аз ин рӯ, ҳамаи мову шумо ва тамоми падарону модарони иззатманди ноҳияро лозим аст, ки барои аз овони хурдсолӣ дар рӯҳияи баланди арзишҳои ахлоқию фаҳангӣ ба камол расонидани наврасону ҷавонон пайваста саъю талош намоем. Дар оила муҳити созгору муносибро барои рушди шахсияти фарзандону пайвандон фароҳам созем. Барои саломатии аъзои хонаводаи худ, ташаккули донишу маърифати фарзандон ва ҳамчун хунарманду соҳибкасб ба камол расонидани онҳо ҳеҷ чизро дареғ надорем. Дар тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ ва омода намудани ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ бо камоли масъулият муносибат намоем. 

       Дар шароити кунунӣ ба таҳсилоти олӣ ё ҳадди ақалл ба таҳсилоти миёнаи касбӣ фаро гирифтани ҷавондухтарон аҳамияти хоса пайдо кардааст. Мову Шумо вазифадорем, ки барои босавод ва соҳибмаълумот гардидани духтарону хоҳарони худ бо камоли масъулият мусоидат намоем. Масъулияти инсонию виҷдонии худро барои саодатманду хушбахт гардонидани фарзандон ва ҳар як узви хонадон бо камоли садоқат иҷро кунем. Имсол, тантанаҳои Рӯзи оила дар соли таҷлили ҷашнҳои бузурги миллию давлатиамон – 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии баргузории Иҷлосияи сарнавиштсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда истодаанд. Бинобар ин, ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки маҳз дар Иҷлосияи мазкур Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарвари давлат интихоб шуда, кишварро аз парокандагиву нестшавӣ ва миллатро аз ҷанги бародаркуш наҷот дода, сулҳу ваҳдатро ба армуғон оварданд. Дар бисту панҷ соли ваҳдати миллӣ кишвари мо таҳти сарварии оқилонаи Пешвои муаззами миллат ба гулистони ободу шукуфон ва маскани бахту саодати тоҷикон табдил шуд. Мо бояд ҳамеша шукронаи онро ба ҷо орем   ва барои таъмини бахту саодати оилавӣ тамоми ҳастии худро равона созем.

       Бо умеди хушбахтию саодат ва иқболу толеи баланди ҳар як оилаи кишвари маҳбубамон ман бори дигар ҳамаи Шумо ва тамоми сокинони ноҳияро ба таҷлили Рӯзи байналмиллалии оила табрику муборакбод мегӯям. 

        Рӯзи оила мубораку фархунда бод, ҳамдиёрони азиз!




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter