27 июн дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАМИН – КАФИЛИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ

22.06.2022 08:29

 

Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар маҳсуб ёфта, барои расидан ба он Барномаҳои гуногуне рӯи кор омадаанд. Истифода оқилонаи ҳар порча замин ва баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои кишоварзӣ яке аз сарчашмаҳои боэътимоди расидан ба ин ҳадафи стратегии кишвар мебошад.

Дар ноҳияи Мастчоҳ низ баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати оқилонаю самаранок истифода бурдани заминҳо ва захираи дусолаи хӯрокворӣ тадбирҳои мушаххасе амалӣ гардида истодааст. 

Ҳамон тавре, ки ишора намудем, яке аз манбаъҳои маҳсулоти озуқаворӣ заминҳои кишоварзӣ ба шумор мераванд, ки дар ноҳия аз ҷониби аҳолӣ барои рӯёнидани ду ҳосил дар як замин ва оқилонаю самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигию президентӣ, инчунин ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида корҳои муҳиме ба анҷом расонида шудааст.

Гузашта аз ин, имрӯз худи аҳолӣ низ бо дарки масъулият ва мураккаб гардидани авзои сиёсии ҷаҳон дар минтақа, ҳамчунин болоравии нархи маҳсулот дар бозорҳо заминҳои наздиҳавлии худро самаранок истифода бурда, дар онҳо маҳсулоти рӯзмарра, аз ҷумла помидор, карам, булғорӣ, картошка ва мошу лубиё кишт намуда, аз ҳосили онҳо барои зимистон низ захираҳо намуда истодаанд.

Имрӯз, як гурӯҳи корӣ дар асоси супориши раиси ноҳия Аъзам Ализода аз ҷамоатҳои деҳоти Палдорак ва Оббурдон дидан намуда, ба ҳолати истифода заминҳои назди ташкилоту муассисаҳо, аҳолӣ ва ҷамъоварии ҳосили барвақтӣ дидан намуданд.
Суратгузориш аз ҷраёни ин боздид:




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter