Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

МАСТЧОҲ: Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ ба 1 млрд. 417 млн. 426 ҳазор сомонӣ расид

24.01.2023 09:15

 
Ҳаҷми маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ дар соли 2022 ба 1 милларду 417 миллиону 426 ҳазор сомонӣ баробар гардидааст, ки ин нишондод дар муқоиса ба соли 2021 беш аз 190 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, 115,5 фоизро дарбар мегирад.
Дар ин бора аз Раёсати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ иттилоъ дода гуфтанд, ки ҳаҷми маҳсулот асосан аз ҳисоб истеҳсоли пахта, чорводорӣ, паранда ва растанипарварӣ афзоиш ёфтааст.
Ба иттилои манбаъ кишоварзони ноҳия дар соли 2022 аз майдони 12540 гектар 23239,9 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки нисбат ба соли 2021 беш аз 9700 тоннаро ташкил медиҳад.
Оморҳои соҳаи кишоварзӣ нишон медиҳанд, ки дар соҳаи чорводорӣ суръати афзоиш аз ҳисоби саршумори чорво дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ аз 102 то 124 фисад ва аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти чорво бошад, суръати афзоиш аз 105 то 154,4 фоизро дарбар гирифтааст. Хусусан, дар ин давра истеҳсоли гӯшт 104%, истеҳсоли шир 105,1%, тухм 140%, пилла 154,5 фоиз зиёд шудааст.
Бино ба маълумотҳои соҳаи кишоварзӣ дар соли 2022 дар умум дар майдони 22895 гектар замин кишту парвариши зироатҳо ба роҳ монда шудааст, ки аз он 12540 гектарашро пахта, 2771 гектар ғалладонигиҳо, 1773 гектар зироатҳои равғандор, 1255 гектар полезӣ, 172 гектар сабзавот, 34 гектар картошка ва 4350 гектар зироатҳои хӯроки чорво ташкил додаанд.


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter