Баргузории ситоди амалиёти «Кӯкнор -2024»
Имрӯз, 29 июл дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ҷаласаи ситоди ноҳиявӣ оид ба роҳбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолият барои гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2024» бо иштироки муовини раиси ноҳия Дилшод Зокирзода, сардори Ситоди идоравии амалиёти “Кӯкнор - 2024”-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳимов Бозор баргузор гардид.
Дар ҷаласаи ситод ҳамчунин раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, аъзои ситоди ноҳиявӣ ва ситоди назди Кумитаи ҳифзи муҳити зист иштирок доштанд.
Дар ҷаласа вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон тибқи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 сухан гуфта шуд.
Сардори Ситоди идоравии амалиёти “Кӯкнор - 2024”-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳимов Бозор роҷеъ ба ошкору нобуд намудани растаниҳои нашъаовари худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, тақвият бахшидан ба муборизаи зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, роҳу василаҳои пешгирии истифодаи маводи нашъаовар, ҳамкорӣ намудан бо ҳама мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ҷиҳати решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб изҳори андеша намуда, афзуд ки фаъолияти ситоди ноҳиявӣ барои ташкили кор, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти раёсати идораҳои дахлдор ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пурзӯр карда шавад.
Хотиррасон менамоем, ки бо мақсади ошкору нобуд сохтани растаниҳои нашъадори худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда қарори дахлдори раиси ноҳияи Мастчоҳ ҳанӯз 27 майи соли 2024 қабул гардидааст. Тибқи қарори мазкур амалиёти “Кӯкнор - 2024” аз 1-уми июн то 30 ноябри соли равон гузаронида мешавад.