Таҷлили Рӯзи варзишгарон дар вилояти Суғд

08.08.2024 17:40

 

Рӯзи 7-уми август дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарон чорабинӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар чорабинӣ варзишгарон, собиқадорони соҳа ва ҳаводорони варзишро бо Рўзи варзишгарон, ки ҳамасола дар қаламрави ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад, табрик намуд.

Таъкид гардид, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи варзиш ва дастгирии ҷавонону варзишгарон аз ҷониби давлату Ҳукумат иқдомҳои зарурӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.

Сокинони вилоят, хоса намояндагони қишри ояндасози кишвар - ҷавонон варзишро гарави саломатӣ дониста, ҷиҳати пешбурди тарзи ҳаёти солим кўшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Воқеан, муносибати ҷомеа ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ беҳтар шуда, иштироки фаъолонаи сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар чорабиниҳои варзишӣ аз мавқеи ояндабинии мардум ва ҷонибдории онҳо аз тарзи ҳаёти солим дарак медиҳад.

Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳмати варзишгарон, мураббиён ва кормандони соҳа ҳамасола аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадр шуда, ҷиҳати фароҳам овардани имкониятҳои мусоиди тамрину машқ тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят беш аз 2900 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 49 варзишгоҳ, 2000 майдончаи варзишӣ, 640 толори варзишӣ, 40 ҳавзи шиноварӣ ва 166 маҷмаа ва иншооти махсуси варзишӣ мебошад.

Дар доираи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилоят беш аз 150 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 109 майдончаи варзишӣ, 36 толори варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ, 1 корти теннис ва 2 маҷмааи варзишӣ ба маблағи умумии 69 миллиону 322 ҳазору 800 сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва сарчашмаҳои дигар бунёд ёфтанд, ки дар пешбурди фаъолияти варзишгарон, нигаҳдории сиҳатии омма ва беҳдошти зиндагии мардум, бахусус ҷавонон мусоидат мекунанд.

Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар вилоят 42 мактаби варзишӣ, аз ҷумла 1 мактаби маҳорати олии варзишии вилоят, 1 мактаби варзишии вилоят, 10 мактаби махсуси варзишӣ, 30 мактаби варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо амал менамоянд.

Баҳри оммавигардонии варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим пайваста тадбирҳои судбахш амалӣ карда мешавад. Ташкили мусобиқаҳои вилоятӣ аз рўи намудҳои футбол, шоҳмоту шашка, тенниси рўи миз ва волейбол миёни варзишгарони касбӣ ва дўстдорони он барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд яке аз чунин чорабиниҳост, ки дар онҳо 750 нафар варзишгар ширкат варзид.

Дар маҷмӯъ, дастаи мунтахаби вилоят, ки аз ҳисоби ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳо дар ҳайати 1910 нафар варзишгар, аз онҳо 400 нафар духтарон таъсис ёфтааст, дар 54 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва ба гирифтани 303 медали тилло, 378 медали нуқра ва 402 медали биринҷӣ шарафёб гардид. 469 нафар варзишгар ба 21 мусобиқаи байналмилалӣ сафарбар шуд ва онҳо ба хазинаи варзишии вилоят 320 медал, аз ҷумла 144 тилло, 78 нуқра ва 98 биринҷӣ ворид намуданд.

Фароҳам овардани шароити мусоид ва имкониятҳои шоиста ба варзишгарон аз сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Сарвари давлат сарчашма гирифта, имрўз варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бо маҳорати баланд қувва озмуда, медалу ҷоиза ва унвонҳои баландро соҳиб мешаванд. Аз ҷумла, Темур Раҳимов, Сомон Маҳмадбеков ва Давлат Болтаев аз рўи намуди ҷудо ва бокс дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 ҷойҳои ифтихориро сазовор шуда, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардоштанд, ки боиси ифтихори ҳар як фарди бонангу номус мебошад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки варзишгарони сарбаланди вилоят ва устодони онҳо барои расидан ба ҳадафҳои наҷиби хеш кўшишу ғайрат намуда, маҳорату таҷрибаи андўхтаашонро барои тарғибу ташвиқи варзиш ва омода намудани ҷавонон ба мусобиқаҳои оянда сафарбар менамоянд.

Сипас, ба як қатор устодону мураббиён ва варзишгарони вилоят Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва туҳфаҳои пулӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд



Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter