БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ИТТИЛООТӢ ОИД БА БАРОБАРӢ ВА БАРҲАМ ДОДАНИ ҲАМА ГУНА ШАКЛҲОИ ТАБЪИЗ
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода ҷиҳати амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” чорабинии иттилоотӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ҳамчунин сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз Парвиз Маҷидов, муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ Ҳусниддин Нидоев ва муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии мақомоти васояту парасторӣ Абдуҳалим Низомов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабиниро муовини раиси ноҳия Дилшод Зокирзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ҷиҳати тарғибу ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотиву маърифатӣ дар самти ҳуқуқ ба баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз саривақтӣ ва амри зарурӣ мебошад.
Сипас, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода дар бораи қонун ва талаботҳои он суханронӣ намуд.
Гуфта шуд, ки Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии амалигардонии ҳуқуқ ва имкониятҳои баробарро барои ҳамаи шахсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда, низоми ҳуқуқии пешгирӣ ва ҳифзи самаранок аз ҳама гуна шаклҳои табъизро муқаррар менамояд. Табъиз ин ҳама гуна фарқиятгузорӣ мебошад, ки дар асосҳои воқеӣ ва (ё) эҳтимолӣ нисбат ба дилхоҳ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё гурӯҳи шахсон, хешовандони онҳо ё шахсони бо онҳо ба тариқи дигар алоқаманд ба вуҷуд омада, ба аломатҳои нажод, ранги пӯст, пайдоиш, ҷинс, забон, дин ва эътиқод, мансубияти миллӣ ва (ё) этникӣ, маъюбият, вазъи саломатӣ, синну сол, шаҳрвандӣ, ақида, вазъи саломатӣ ё ҳолати дигар асос меёбад ва мақсад ё оқибати он бад кардан, нобуд сохтан ва (ё) кам нишон додани ҳуқуқу озодиҳои эътирофшуда, истифода ё амалӣ намудани тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон дар асоси баробарӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки табъиз ин муносибати нобаробар нисбат ба одамони гуногун мебошад, ки ба ақидаҳои стереотипӣ нисбати гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ асос ёфта, намояндагони онҳоро дар ҳуқуқу озодиҳояшон маҳдуд месозад. Ин вожа аз лотинӣ тарҷума шуда, маънои «фарқият»-ро дорад ва моҳияти он ин аст - одамонро аз рӯи аломатҳои муайян ба гурӯҳҳо тақсим кардан ва дар бораи онҳо танҳо ҳамчун намояндаи як гурӯҳи муайян баҳо додан аст.
Табъиз дар муносибати беадолатона нисбат ба шахс бе сабабҳои объективӣ, танҳо аз рӯи шахсияти ӯ зоҳир мешавад. Ҳадафи он барҳам додан ё кам кардани эътирофи ҳуқуқи одамон ба барандагони ихтилоф мебошад. Он метавонад ҳам дар муносибатҳои шахсӣ ва ҳам дар сатҳи давлатӣ мавҷуд бошад.
Табъиз инсонро на танҳо аз имкониятҳои муайян маҳрум мекунад, балки ба саломатӣ низ таъсир мерасонад. Ҷабрдидагон аксар вақт фишори пешгӯинашавандаро аз сар мегузаронанд, ки хатари гирифторӣ ба бемории ҷисмонӣ ва рӯҳии онҳоро зиёд мекунад.
Ҳамзамон зикр гардид, ки давлат ҳифзи ҳуқуқи баробар ва самаранок аз табъизро кафолат дода, барои пешбурди сиёсат ва барномаҳое, ки ба таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шакли табъиз равона шудаанд, чораҳо меандешад.
Баъдан, аз ҷониби сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз Парвиз Маҷидов, муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ Ҳусниддин Нидоев ва муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии мақомоти васояту парасторӣ Абдуҳалим Низомов доир ба ҳуқуқ ба баробарӣ, шиканҷа, вазъи маҳбусон дар муассисаҳои ислоҳӣ ва ҳифҳи ҳуқуқи кдак ва васояту парасторӣ маърӯза намуданд.
Дар охир аз ҷониби Ваколатдори оид ба ҳуқуқи инсон қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шуд.