Паёми табрикии Раиси ноҳия бахшида ба таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ
Муҳтарам табибон ва кормандони соҳаи тандурустӣ!
Дар Тоҷикистони хурраму маҳбубамон рӯзи таваллуди фарзанди ҳакиму фарзонаи миллати тоҷик, нобиғаи башарият ва доҳии тиббу табобати инсоният – Абӯалӣ ибни Сино, санаи 18-уми август, ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тибби кишвар муқаррар гардидааст, ки нишони эҳтирому иззат, эътирофу эътимод ва қадрдонӣ аз заҳматҳои тамоми кормандони соҳаи тандурустии мамлакат мебошад. Зеро табибон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба сифати ворисони арзандаву номбардор ва пайравони содиқи Синои бузург баҳри ҳифзу ҳимояи саломатии мардум, тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим, наҷоти шаҳрвандон ва баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ саҳми арзандаву ватандӯстона ва инсонпарваронаи худро мегузоранд. Бинобар ин, ман аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам Шумо –табибон ва кормандони соҳаи тандурустии ноҳияро ба шарафи Иди касбиатон табрику муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатию умри дароз, рӯзгори ободу осуда, файзу баракат зиндагӣ ва бахту саодати неки пайвандону фарзандонро таманно дорам. Бигзор, ҳамаи Шумо ва тамоми табибони Тоҷикистон ҳамеша дар зиндагӣ хурраму дилшод, саодатманду сарфароз ва дар иҷрои рисолати касбӣ пешраву пирӯз бошед.
Дар Тоҷикистони азизи мо рушди соҳаи тандурустӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтарини кору фаъолият барои табибон ва кормандони он самти муҳиму афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад. Дар партави дастгирию пуштибонӣ ва лутфу меҳрубониҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафти тамоми самтҳои соҳаи тандурустии мамлакат таъмин гардида, сатҳи иҷтимоии кормандони соҳа ҳамасола боло меравад. Вобаста ба таъмини вусъати раванди созандагию бунёдкорӣ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат ҳазорҳо иншооти замонавии соҳаи тандурустӣ бунёд гардида, ба ин васила имкониятҳои муосири барои дармону табобати мардум фароҳам гардид.
Тавре, ки дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда шудааст:«Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.
Маблағгузории соҳа мунтазам зиёд шуда, вазъи таъмини муассисаҳои тиббии кишвар бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва неруи кадрӣ сол ба сол беҳтар мегардад.
Дар соли 2023 барои соҳаи тандурустӣ 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2017-ум 2,3 баробар зиёд буда, 8,8 фоизи буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Ҳоло дар соҳа татбиқи 15 стратегияву барномаи миллӣ бомаром идома дорад.
Танҳо дар давоми соли 2023-юм 132 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ сохта, ба истифода дода шуд».
Боиси ифтихор аст, ки дар партави сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлол дар ноҳияи Мастчоҳ низ даҳҳо иншооти соҳа, аз ҷумла марказу бунгоҳҳои саломатӣ сохта ба истифода дода шуданд. Барои рушди бахши хусусии соҳа имконият ва заминаҳои мусоид фароҳам гардид, ки ҳоло муассисаҳои хусусии тиббӣ бо маром дар ноҳия фаъолият менамоянд. Ҳоло дар ноҳия бо мусоидат ва таваҷҷуҳи самимии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода сохтмони бинои наву замонавии чорошёнаи Беморхонаи марказии ноҳия, бо маблағгузории буҷети вилоят бо маром идома дорад, ки дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Тибқи Фармони дахлдори Президенти мамлакат аз моҳи июли соли равон музди моҳонаи табибон ва кормандони соҳа дар радифи дигар кормандони соҳаи буҷавӣ 40 дарсад зиёд гардид, ки ин ғамхории беназир дар ҳаққи аҳли тандурустии мамлакат аст. Табибону кормандони соҳаи тандурустии ноҳия аз чунин ғамхорию меҳрубониҳои пайвастаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумат руҳбаланд гардида, рисолати касбии худро сарбаландона иҷро карда истодаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамеша барои рушди инфрасохтори соҳа ва қадрдонии заҳматҳои фидокоронаи табибону кормандони тандурустии ноҳия мунтазам тадбирҷӯӣ менамояд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: «Табибон охирин даргоҳи умеди шахсони бемор мебошанд.
Онҳо на танҳо бо донишу малакаи касбӣ, балки бо сухани нарму лафзи ширин, нигоҳи гарму дили пурмеҳр бояд беморонро шифо бахшанд.
Муоширати хуб ва муносибати ҳалимона нисбат ба бемор ними табобат буда, ба ӯ қувват мебахшад ва дардашро сабук мегардонад».
Итминони комил дорам, ки ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ, пеш аз ҳама, табибону ҳамшираҳои шафқат чунин дастуру ҳидоятҳои меҳрофарини Пешвои муаззами миллатро сармашқи фаъолияти худ намуда, бо муоширату нек, меҳру ихлос, самимияту дилсӯзӣ ва маҳорату малакати баланди касбӣ ҳамеша ба дардмандону ранҷурон шифои комил бахшида, ҳамчун ҳабибони мардум рисолати касбии худро сарбаландона иҷро мекунанд.
Дар фароварди сухан бори дигар ҳамаи Шумо – табибон ва кормандони соҳаро ба шарафи Иди касбиатон – Рӯзи кормандони соҳаи тибби Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, саодатмандӣ ва тамоми хушиҳои оламро орзу менамоям.
Иди касбӣ муборак, пайравону номбардорони Синои бузург!