Баргузории машварати августии омўзгорони вилояти Суғд

21.08.2024 09:59

 

20 августи соли 2024 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ машварати августии кормандони соҳаи маориф баргузор гардид.

Дар кори машварат Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо - сарпарастони соҳаи маориф, ректорони донишгоҳ ва донишкадаҳои вилоят, директорони коллеҷҳо, мудирони шуъбаҳои маориф, адибон, собиқадорони соҳаи маориф, директорон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии вилоят, намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Қабл аз оғози машварат Раиси вилоят ва вазири маориф ва илми кишвар дар даромадгоҳи бинои Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ аз намоиши намунаҳои либосҳои мактабӣ барои омӯзгорону хонандагон боздид намуда, барои истифодаи либосҳои тавсиявӣ ба масъулин супоришҳо доданд.

Машварати августии кормандони соҳаи маориф бо сухани ифтитоҳии сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода оғоз ёфт ва сипас Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода суханронӣ намуд. Таъкид карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба нақши аҳли илму маориф чунин таъкид намудаанд: “Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омўзиши технологияҳои муосир ба корҳои эҷодиву техникӣ вазифаҳои муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад”. 

Воқеан ҳам, рушду нумўи соҳаи маориф асоси пешрафти ҷомеа ва иқтисодиёти он ба шумор рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳа тадбирҳои амиқу пурсамар андешида, маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад. Аз 1 июли соли 2024 ба андозаи 40 дарсад зиёд гардидани маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи маориф ва илм, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, тасдиқи ин гуфтаҳост.

Дар ин радиф, таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ ба соҳаҳои илму маориф хоса буда, соли равон маблағгузории соҳаи мазкур аз 1 миллиарду 338,1 миллион сомонии соли 2023 ба 1 миллиарду 598,8 миллион сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 19,5 фоиз зиёд мебошад.   

Тазаккур дода шуд, ки дар соли таҳсили 2023-2024 дар вилоят 10 муассисаи таҳсилоти олӣ ва 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо фарогирии зиёда аз 65 ҳазору 77 нафар донишҷўён фаъолият мебаранд. Дар ин муассисаҳо 3 ҳазору 731 нафар устодон, аз онҳо 128 нафар профессору доктори илм ва 879 нафар номзади илм аз рўи 544 ихтисос мутахассис тайёр мекунанд. 

Нақши донишҷўён ҷиҳати иштирок дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ назаррас буда, соли ҷорӣ 16 нафар донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят ғолиби олимпиадаҳои байналмилалӣ, 67 нафар ғолиби озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва 104 нафар ғолиби озмунҳои вилоятӣ гардида, шарафи илми вилоят ва кишварро ҳимоя намуданд.

Соли таҳсили 2023-2024 дар вилоят 952 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо 570 ҳазору 596 нафар, аз ҷумла 280 ҳазору 26 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд, ки нисбати соли таҳсили 2022-2023 6 муассисаи таълимӣ зиёд мебошад. Алҳол, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят 37027 нафар омўзгорон фаъолият мебаранд ва сол аз сол миқдори омўзгорони таҳсилоти олидор ва дорои тахассуси дараҷаи олидошта меафзояд.

Омўзгорони кишварамон дар даврони истиқлол рисолати таърихии худро сарбаландона идома дода, дар эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пойдории сулҳу ваҳдат ва худшиносии миллӣ, таълими илму фан ва тарбияи созандагони ҷомеаи навин нақши босазо гузошта истодаанд.

Ғамхориҳои давлату ҳукумат нисбати мактабу маориф боис гардид, ки соли 2023 дар ду озмуни бонуфузи касбии ҷумҳуриявӣ Ҳидоева Раҳима омўзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и ноҳияи Мастчоҳ дар озмуни “Муаллими соли Тоҷикистон - 2023” ва Бобоҷонова Марҳабо - мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №4-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон-2023” иштирок намуда, сазовори ҷойҳои дуюм гардиданд. 

Хонандагони мактабҳои вилоят дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ иштирок намуда, сазовори 449 ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла 22 ҷойи якум, 78 ҷойи дуюм ва 349 ҷойи сеюм гардиданд. Аз шумораи умумии ҷойҳои ифтихорӣ 95 ҷой ба шаҳри Хуҷанд, 72 ҷой ба шаҳри Исфара, 65 ҷой ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 54 ҷой ба ноҳияи Спитамен ва 28 ҷой ба шаҳри Конибодом тааллуқ дорад, ки 90 фоизи ҷойҳои ифтихориро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, то имрўз 5 ҳазору 629 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва фосилавии кишварҳои Россия, Қазоқистон, Британияи Кабир, Итолиё, Франсия ва Нидерланд иштирок намуда, 1326 нафар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардиданд.

Аз рўи натиҷаҳои ҷамъбасти соли таҳсили 2023-2024-ум 10 нафар хатмкардагон соҳиби аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва 2 нафар соҳиби аттестати аълои равиявӣ бо медали нуқра гардиданд.

Раиси вилоят бо таҳлили вазъи соҳа ба Раёсати маорифи вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои марбута ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таълим ба хонандагон, пешгирии аз таҳсил дур мондани насли наврас, таъмини ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ба муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят, бартарафкунии норасоии омўзгорон дар бархе муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо супоришҳои мушаххас дод.

Илова карда шуд, ки бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2023 ва дар ҳафт моҳи соли 2024 дар вилоят бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо 60 иншооти соҳаи маориф барои 11 ҳазору 35 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шуд, ки аз он 14 ададро бинои нави муассисаи таҳсилоти умумӣ, 128 синфхонаи иловагӣ дар назди 35 муассисаҳои таълимӣ ва 11 ададро бунёди муассисаҳои томактабӣ ташкил медиҳад.

Дар идомаи машварат вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода сухан гуфта, барои таъмини пешрафти соҳаи маориф ва афзун намудани нишондиҳандаҳо ба масъулини соҳаи маорифи вилоят дастурҳо дод.

Сипас, чанде аз омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ба музокира баромада, фикру андешаҳои худро бобати пешрафти соҳаи маориф баён доштанд.

Дар охир якчанд нафар кормандони соҳа бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон”, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардонида шудаанд. Инчунин ғолибони озмуни “Беҳтарин муассисаи томактабии вилоят”, директорони муассисаҳои таълимии вилоят, ки бо ҷалби маблағҳои ғайрибуҷавӣ синфхонаҳои иловагӣ сохтаанд, бо мукофотпулии яквақта қадр карда шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд



Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter