ШИНОСОӢ БО ҲОЛАТИ ОМОДАГИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БА СОЛИ ТАҲСИЛИ НАВ
Бо мақсади шиносоӣ бо ҳолати омодагӣ ба соли
таҳсили нав муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода аз якчанд муассисаҳои таълимии ноҳияи Мастчоҳ дидан
намуд.
Аз ҷумла Равшан
Каримзода аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №11, 16 ва 26-и ноҳия дидан карда,
бо вазъи таъмири ҷории муассисаҳо, омодагӣ ба истиқболи Рӯзи дониш, тозагии
гирду атрофи мактабҳо ва дигар биноҳои таълимӣ, омодагӣ ба фасли тирамоҳу
зимистони дарпешистода, инчунин, шароити таълиму тарбия, ҷо ба ҷо гузории
кадрҳои омӯзгорӣ ва ҷойи нишаст аз наздик шинос шуд.
Зимни шиносоӣ Равшан
Каримзода ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълими хонандагон, иштироки
бештари онҳо дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва дигар самтҳои
соҳаи маориф таваҷҷуҳ намуда, ба масъулини шуъбаи маориф ва роҳбарону
омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод, ки дар самти
таълиму тарбия корҳои судбахшу муассирро анҷом диҳанд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ