ЗИ ДОНИШ ЗИНДА МОНӢ ҶОВИДОНӢ Паёми табрикотии Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бахшида ба Рӯзи дониш ва Соли нави хониши 2024-2025

31.08.2024 13:30

 

Устодону омӯзгорон ва толибилмони азиз!

Иди фархундаи Рӯзи дониш ва соли нави таҳсили 2024-2025-ро ба ҳамаи Шумо аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ва шахсан аз номи худам табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатию сарбаландӣ, саодатмандӣ, файзу баракати зиндагӣ, рӯзгори хушу хуррам, дар ҷодаи пуршарафи таълиму тарбия ва аз омӯзиши илму дониш ва хираду ҳикмат комёбиҳои беназирро таманно дорам.

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати маорифпарваронаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат барои таъмини ҳамаҷонибаи пешрафти таълиму тарбия ба сифати самти муҳиму афзалиятнок шароиту имкониятҳои беҳтарин фароҳам гардид. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқоти таърихии худ бо намояндагони аҳли илму маорифи мамлакат, санаи 30-юми майи соли равон таъкид намуданд: “рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад.

Бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала, мо мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд бардоштем.

 Зеро дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд”.

         Боиси ифтихору шукргузорист, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвари маҳбубамон зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд карда шудааст. Дар ин давра дар мамлакат шумораи муассисаи таҳсилоти олӣ аз 13 адад ба 47 адад ва шумораи донишҷӯён бо 65 ҳазор нафар ба зиёда аз 220 ҳазор нафар расидааст. Аз ин нишондод бармеояд, ки ҳам теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ҳам шумораи донишҷӯёни онҳо қариб чор баробар зиёд шудааст. Айни замон даҳҳо ҳазор хонандагону донишҷӯёни кишвар намудҳои гуногуни стипендия, аз стипендияи президентӣ то стипендияҳои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро мегиранд.

        Дар Тоҷикистони маҳбубамон дар радифи рушди соҳаи маориф ҷиҳати тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва таъмини шароити арзандаи рӯзгори кормандони соҳа мунтазам тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд. Бо Фармони дахлдори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи июли соли ҷорӣ музди маоши аҳли илму маорифи мамлакат 40 фоиз зиёд гардид, ки ки ғамхорию меҳрубониҳои бузурги навбатии роҳбарияти олии давлату Ҳукумат  ба кормандони соҳа маҳсуб меёбад. 

        Албатта ҳамаи ин ғамхориҳо пеш аз ҳама барои таълиму тарбияи солиму созанда ва камолоти шоистаи наврасону ҷавонон равона карда шудааст. Дар ин самт, дар ноҳияи Мастчоҳ низ барои фароҳам овардани шароити таълиму тарбияи наврасону ҷавонон мунтазам тадбирҳои амалӣ андешида мешавад. Аз ҷумла, дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ  зиёда аз 21 адад муассисаи таҳсилоти умумӣ, 13 адад муассисаи томактабӣ, аз ҷумла 2 адад кӯдакистони хусусӣ, 2 коллеҷ, бинои нави шуъбаи маориф бунёд гардида, мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар дурдасттарин минтақаҳо мактабҳои замонавӣ бунёд карда шуданд. Таъсис ва ба фаъолият шуруъ кардани Коллеҷи омӯзгории ноҳия низ дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, хосса Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода сохтмони бинои наву замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 дар маркази ноҳия – шаҳраки Бӯстон оғоз ёфта, дар маҳаллаи навбунёди Ганҷободи шаҳраки Суғдиёни ноҳия кӯдакистони наву замонавӣ бунёд ва то рӯзҳои таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Тайи солҳои охир, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони саховатпеша ва падару модарон ҷиҳати ҳалли оқилонаи мушкилоту муаммоҳои ҷойдошта, аз ҷумла  таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти техникӣ ва асбобҳои зарурӣ, таъсиси синфхонаҳои компютерӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз тамоми имкониятҳоро равона карда истодааст.  

       Устодону омӯзгорон ва тамоми кормандони соҳаи маорифи ноҳия аз дастгирию меҳрубониҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия руҳу илҳом ва қудрату нерӯи нав гирифта, бо иҷрои рисолати касбӣ барои рушди таълиму тарбияи наврасону ҷавонон саҳми шоистаи худро мегузоранд. 

Дар натиҷа дастоварду комёбиҳои таълимию эҷодӣ бештар гардида, хонандагону толибилмони муассисаҳои таълимии ноҳия бо иштироки фаъолони худ дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз фанҳои гуногун ғолибият ба даст меоранд, ки ин ифтихори тамоми сокинони ноҳия мебошад. 

Боварии комил дорам, ки дар соли нави таҳсил аҳли маорифи ноҳия кори пурсамару файзбахши таълиму тарбияро вусъат бахшида, бо таъмини камолоти шоистаи шогирдони сазовори худ ному шуҳрати диёри файзбори Мастчоҳро боз ҳам баланд мебардоранд. Зеро, илму дониш сарчашмаи бахту иқбол ва саодати инсон аст. Бузургони мо таъкид намудаанд, ки:

Зи дониш зинда монӣ ҷовидонӣ,

Зи нодонӣ наёбӣ зиндагонӣ.

Бори ҳамаи шумо, устодону омӯзгорон ва хонандагони азизро ба муносибати фарорасии Рӯзи дониш табрику таҳният гуфта, бароятон саломатии комил, саодати рӯзгор, файзу баракат ва дар роҳи омӯзиши илму маърифат нусрату комёбиҳои бузургро орзумандам.

Рӯзи дониш ва соли нави таҳсил  фархунда бошад, омӯзгорону хонандагон ва устодону донишҷӯёни арҷманд!




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter